Салоҳ аз мо чи меҷӯӣ, ки мастонро сало гуфтем
Ба даври наргиси мастат саломатро дуо гуфтем
Дари майхонаам бигшо ки ҳеч аз хонқаҳ нагшуд
Гарат бовар бувад вар на сухан ин буду мо гуфтем
Ман аз чашми ту эй соқи хароб афтодаамлекин
Балоӣ к-аз ҳабиби ояд ҳазораш марҳабо гуфтем
Қадат гуфтам, ки шамшод асту бас хиҷлат ба бор овард
Ки ин нисбат чаро кардему ин буҳтон чаро гуфтем
Агар бар ман набахшоӣ пушаймони хури охир
Ба хотир дор ин маъни, ки дар хидмат куҷо гуфтем
Ҷигар чун нофаам хун гашту кам занем намебояд
Ҷазои онки бо зулфат сухан аз чин хато гуфтем
Ту оташ гашти эй Ҳофиз вале бо ёр дар нагрифт
Зи бад аҳдифи гул гуӣ ҳикоят бо сабо гуфтем