Мавҷи дарёро набошад ихтиёри хештан
Даст бардор аз инон гиру дори хештан
Зуҳди хушк аз хотирам ҳаргиз ғуборе бар надошт
Маркаби най бор бошад бар савори хештан
Хок бошад аз масофам чашми душманро насиб
Кардаам то хокистареро ҳисори хештан
Хори девори гулистонам ки аз беҳосили
Мекашам хиҷлат зи авҷи эътибори хештан
Хилвате чун хона оинадори пеш даст
Баҳрае бардор аз бусу канори хештан
Гавҳар аз гарди ятими мешавад комил аёр
Беш аз ин доман макаш аз хокистари хештан
Метавони оташи шавқи маро хомуш кард
Гар дилат хоҳад, ба лаъли обдори хештан
Дидани оинаро мавқеф хоҳи доштан
Гар бидон ҳоли ман дар интизори хештан
Гар диҳам мулки Сулаймонро ба муре бесавол
Ҳамчунон бошам зи ҳиммат шармсори хештан
Бас ки чун оина Соиб дидаам нодидане
Мешуморам занги кулфатро баҳори хештан
Соиби Табрезӣ