Агар пой дар доман ори чу куҳ
Сарат з-осмон бигзарад дар шукуҳ
Забон дар каш эй мард бисёр дон
Ки фардо қалам нест бар безабон
Садафвор гавҳаршиносони роз
Даҳон ҷуз ба луълуъ накарданд боз
Фаровон сухан бошад оганда гуш
Насиҳат нагирад магар дар хамӯш
Чу хоҳи ки гӯӣ нафас бар нафас
Нахоҳи шунидан магар гуфт кас?
Набояд сухан гуфт носохта
Нашояд буридан наяндохта
Тааммул кунон дар хатову савоб
Беҳ аз жожхоёни ҳозир ҷавоб
Камол аст дар нафси инсон сахун
Ту худро ба гуфтор ноқис макун
Кам овоз ҳаргиз набини хиҷил
Ҷави машк беҳтар ки як туда гил
Ҳазар кун зи нодон даҳ мурда гӯй
Чу доно яке гӯю парварда гӯй
Сад андохти тиру сад хатост
Агар ҳушманди як андозу рост
Чаро гуяд он чиз дар хифаи мард
Ки гар фош гардад шавад рӯй зард?
Макун пеши девори ғайбат басе
Бувад к-аз пасаш гуш дорад касе
Даруни дилат шаҳри бандаст роз
Нигар то набинад дари шаҳр боз
Аз он марди доно даҳон духтааст
Ки бинад ки шамъ аз забон сухтааст
Саъдӣ