Сияҳчурдаеро касе зишт хонд

Ҷавобе бигуфташ ки ҳайрон бимонд

На ман сурати хеш худ кардаам

Ки айбам шуморе ки бад кардаам

Туро бо ман ар зишт руям чи кор?

На охир манам зишту зебо нигор

Аз онам ки бар сар набишти зи пеш

На кам кардам эй бандапарвар на беш

Ту дони охир ки қодир ниям

Тавонои мутлақ тӯӣ, ман киям?

Гарам раҳнамои расидам ба хайр

Вагар гум куни боз мондам зи сайр

Ҷаҳон офарин гар на ёри кунад

Куҷо банда парҳезгори кунад?

Чи хуш гуфт дарвеши кутаҳ даст

Ки шаб тавба карду саҳаргаҳ шикаст

Гар ӯ тавба бахшад бимонад дуруст

Ки паймони мо бесубот асту суст

Ба ҳаққат ки чашмам зи ботил бидуз

Ба нурат ки фардо ба норам масӯз

Зи мискинем рӯи дар хок рафт

Ғубори гуноҳам бар афлок рафт

Ту як навбат эй абри раҳмат бибор

Ки дар пеши борон напояд ғубор

Зи ҷурмат дар ин мамлакат ҷоҳ нест

Валекин ба мулке дигар роҳ нест

Ту дони замири забон бастагон

Ту марҳам наҳй бар дили хастагон

Саъдӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст