payambarii

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ончи фарзи айни насли одам аст

Наъти садру бадри ҳар ду олам аст

Офтоби олами динпарварон

Хоҷаи фармони даҳ пайғомбарон

Пешвои анбиёву мурсалин

Муқтадои авалину охирин

Ҷилва карда офтоб рӯи ӯ

Осмон сад саҷда бурда сӯи ӯ

Ҳашт ҷаннат ҷуръае аз ҷоми ӯ

Ҳар ду олам аз ду мими номи ӯ

Эй замину осмон хоки дарат

Аршу курси хушачини ҷавҳарат

То ки як ҷон дораму то зиндаам

Банди бандатро ба сад ҷон бандаам

Дар зифонам ҷуз санои ту мабод

Нақди ҷонам ҷуз вафои ту мабод

Нестам ман марди васфи зоти ту

Ин қадар ҳам ҳаст аз баркоти ту

Он ки ӯ васф аз Худо донад шунид

Васфи кас онҷо куҷо донад расид

Хоҷаи дунёву дин ганҷи вафо

Садру бадри ҳар ду олам Мустафо

Офтоби шаръу гардуни яқин

Нури олам раҳматуллилоламин

Ҷони покон хоки ҷон поки ӯ

Ҷон раҳо кун офариниш хоки ӯ

Ҳар ду гети аз вуҷудаш ном ёфт

Арш низ аз номи ӯ ором ёфт

Офаринишро ҷуз ӯ мақсуд нест

Пок домантар аз ӯ мавҷуд нест

Муҳаммад муқтадои ҳар ду олам

Муҳаммад муҳтадои оли Одам

Муҳаммад офтоби офариниш

Маҳи афлок яъне чашми биниш

Бало аз анбиё ӯ буд мақсуд

Чу ӯ омад набувват гашт масдуд

Мисоли анбиё ҳамчун сипоҳаст

Ғараз аз омадан ин подшоҳаст

Чу дини ӯ мунаввар кард олам

Шароеъ насх шуд валлоҳ аълам

Куҷо монад ҷаҳоне пур ситора

Чу шуд хуршед равшан ошкора

Чи гуям чун сифоти ту чунонаст

Ки сад олам варои ақлу ҷонаст

Ҷаҳон гар сар ба сар хашхош гири

Ба ҳар як модаҳе дар бош гири

Надонам то саноят гуфта ояд

В-агар ояд туро пазруфта ояд

Бар умеди атои ту раҳе дур

Зи пас кардам мани мискини маҳҷур

Зан онгаҳ гуфт: Аз пайкору ҷангат

Зи бими ханҷару бими худангат

Зи сити қуту андозаи ту

Зи фазлу муъҷизу овозаи ту

Саворони арабро суст шуд пой

Касеро сӯи мутриб чун бувад рой

Гарчи зоеъ кардам умр аз гуноҳ

Тавба кардам узри ман аз ҳақ бихоҳ

Аз гунаҳ руям магардони сиёҳ

Ҳақ ҳам номи ман дори нигоҳ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст