quroon

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Худо ки меҳрабон аст

Ба фикри бандагон аст

Барои хушбахтимон

Гуфта ки Қуръон бихон

Қуръон китоби зинда аст

Ҷовидону поянда аст

Қуръон кунад ошкор

Саволҳои бисёр

Ҳар кас Қуръон мехонад

Инро бояд бидонад

Ки ҳаст китоби Қуръон

Каломи поки Яздон

Дар он китоб навиштаст

Муъмин ҷояш биҳиштаст

Агар хоҳи шави хуб

Қуръон ёд бигир зуд

Ҳорун Абдуллоҳ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст