Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Миннат Худойро азза ва ҷалла ки тоаташ мӯҷибиқурбатаст ва ба шукр-андараш мазиди неъмат, ҳар нафасе ки фурӯ меравад, мумиддиҳаёт аст ва чун бармеояд, муфарреҳи зот, пас дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмат шукре воҷиб.

(Тарҷумаи вожаҳо: Мӯҷиби қурбат - сабабгори наздикӣ. Мумид(д) - тамдидкунанда, дарозкунанада. Муфарреҳ - шодибахш

Мазид – фузунӣ.)

Аз дасту забон ки барояд,

К-аз уҳдаи шукраш бадар ояд.

(Сураи Сабаъ,13)اعْمَلُوا آلَ دَاوُودَ شُكْرًا وَقَلِيلٌ مِنْ عِبَادِيَ الشَّكُورُ

Иъмалу Ола Довуда шукран ва қалилун мин ъибодия-ш-шакур.

Тарҷума: Эй дудмони Довуд, шукргузор (-и неъматҳои илоҳӣ) бошед! Ва андаке аз бандагони ман сипосгузор аст.

Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири хеш,

Узр ба даргоҳи Худой оварад.

В-арна сазовори худовандияш,

Кас натавонад, ки ба ҷой оварад.

Борони раҳмати беҳисобаш ҳамаро расида ва хони неъмати бедареғаш ҳама ҷо кашида, пардаи номуси бандагон ба гуноҳи фоҳиш надарад ва вазифаи рӯзихорон ба хатои мункар набарад.

Эй кариме ки аз хазонаи ғайб,

Габру тарсо вазифахӯр дорӣ.

Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,

Ту ки бо душманон назар дорӣ.

Вожаҳо: Габр – оташпараст, зартуштӣ. Тарсо - роҳиб, пайрави дини насронӣ.

Фарроши боди саборо гуфта, то фарши зумуррадин бигустурад ва дояи абри баҳориро фармуда, то баноти наботро дар маҳди замин бипарварад, дарахтонро ба хилъати наврӯзӣ қабои сабзварақ дар бар карда ва атфоли шохро ба қудуми мавсими рабиъ кулоҳи шукуфа бар сар ниҳода, асораи нолӣ ба қудрати ӯ шаҳди фоиқ шуда ва тухми хурмоӣ ба тарбияташ нахли босиқ гашта.

(Тарҷумаи вожаҳо: Банот – духтарон. Набот – рустанӣ. Маҳд – гаҳвора. Рабиъ – баҳор. Асора - шира, шарбат. Нол – найшакар. Шаҳди фоиқ - шаҳди баргузида ва беҳтар, ширинии беҳтар ва гуворо. Нахли босиқ - хурмобуни болида, дарахти хурмои қадафрохта.)

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат нах(в)арӣ.

Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

Дар хабар аст аз сарвари коинот ва мафхари мавҷудот ва раҳмати оламиён ва сафвати одамиён ва татиммаи даври замон Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам},

(Тарҷумаи вожаҳо: Мафхар - фахр, мояи фахр ва нозидан. Сафват – баргузида.)

شَفيِعٌ مُطَاعٌ نَبِيٌّ کَرِيمٌ

(25)قَسِيمٌ جَسِيمٌ نَسِيمٌ وَسِيمٌ

Шафиъун, мутоъун, набиййун карим,

Қасимун, ҷасимун, насимун, васим.

Тарҷума: Ӯ шафоатгару фармонраво ва паёмбари гиромӣ ҳаст, Соҳибҷамолу хушандом, хушбӯй ва нишондор аст, яъне бо муҳри паёмбарӣ нишонкарда шуда аст

***

ғам девори умматро ки дорад чун ту пуштибон,

Чи бок аз мавҷи баҳр онро ки бошад Нуҳ киштибон.

***

بَلَغَ الْعُلَى بِکَمَالِهِ، کَشَفَ الدُّجَى بِجَمَالِهِ

حَسُنَتْ جَمِيعُ خِصَالِهِ، صَلُّواْ عَلَيْهِ وَآلِه

Балаға-л-ъуло би-камолиҳи, кашафа-д-дуҷо би-ҷамолиҳи,

Ҳасунат ҷамиъу хисолиҳи, саллу ъалайҳи ва олиҳи.

Тарҷума: Ба камоли худ ба мартабаи баланд расид,

Бо партави ҷамоли худ пардаи тирагиро дарид,

Ҳама хисолу сифоту манишҳои ӯ накӯст

Пас, бар ӯ ва бар дудмонаш дуруд бифиристед!

Идома дорад...

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст