Вилодати Алӣ(к) дар даруни хонаи Худо дар миёни муслимин шуҳрати фаровон дорад ба гунае ки ибни Шаҳрошуб дар Маноқиб гуяд: "Шиъа бар ин мавзуъ иттифоқ дорад, ва аз уламои Аҳли Суннат Ҳоким дар Мустадрак, ҷ 3, с 483 гуяд:

"Ахбори мутавотир далолат мекунад ки Фотима бинти Асад, ҳазрати Алӣ(к)ро дар дили Каъба ба дунё овард. Ва Ҳофизи Канҷи аз уламои Аҳли Суннат дар китоби Кифоя аз Ҳокими Нишопури нақл мекунад ки гуфт: "Амирал муминин Алӣ(к) дар сездаҳуми Раҷаб, си сол баъд аз омул фил дар даруни хонаи Худо мутаваллид шуд ва ҳеҷ навзоде на қабл ва на баъд аз ӯ дар дохили хонаи Худо мутаваллид нагардид, чароки ин ба ҳасаби эҳтиром ва шарофат ва мақоми баланди вай буда аст".

Ва бемуносиб нест дар инҷо каломеро аз Саид Маҳмуд Олуси соҳиби тафсири Кабир нақл кунем ки ӯ дар шарҳи қасидаи "Айния" гуфта аст: Вилодати Алӣ(к) дар хонаи Худо шуҳрати ҷаҳони дорад ва дар китобҳои шиъа ва сунни нақл шуда аст... ва чи сазовор аст ки раҳбари раҳбарон, вилодаташ дар қиблаи аҳли имон бошад,

و سبحان من یضع الشیاء فی موضعها و هو احکم الحاکمین

Муназаҳ аст Худое ки ҳар чизеро дар ҷойгоҳи муносиби хеш қарор медиҳад.

Шоир чи зебо гуфтааст:

Муяссар нагардад ба кас ин фазилат,

Ба Каъба вилодат ба масҷид шаҳодат.

Шаҳодати ишон ҳам дар Масҷид дар меҳроби худ тавассути Ибни Мулҷами хавориҷи зарбат хурд ва он зарбат ба заҳр олуда буд ва баъд аз се рӯз таҳаммули ранҷ ба шаҳодат расид. Қабри ишон дар Наҷаф ул Ашрафи Ироқ аст.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст