Оё дуруст аст, ки метавонем Худоро бо ҳар забоне ки мехоҳем, бихонем.

Муноҷот бо Худо ва унс бо ӯ дар руҳи инсон дорои чунон асаре аст ки агар касе ба воқеъ бо Худо иртибот барқарор кунад дар ҳангоми дуо ба масоили модди ва

дуняви таваҷҷуҳ пайдо намекунад то онҳоро аз Худо бихоҳад. Аз инрӯ, аз арзиши волое бархурдор аст. Гарчи лутфи Худованд иҷоб мекунад, ки инсон ба ҳар далел ки ӯро мехонад дасти радд ба синаи доъи назанад, вале вусъати карами Худо матлабе аст ва баланд ҳимати инсон матлаби дигар.

Манзур ин нест ки инсон набояд барои таъмини ҳоҷатҳои дунявии худ дари хонаи Худо биравад, балки сухан дар ин аст ки онон ки лазати муноҷот бо ӯро дарёфтаанд ҳаргиз онро бо эърози модди намеолоянд. Аммо гузашта аз ин матлаб, банаде ки худро фоқиди ҳамаи чиз мебинад бояд ҳар ҳоҷат ва ниёзе ки дорад аз ӯ бихоҳад, ҳар чанд асбоби одди он низ фароҳам бошад. Ҳатто шоиста аст ки инсон ҳангоми эҳсоси ниёз аз ҳамон ибтидо ба Худо руй оварад ва ҳама чизро васила ва сабаб бидонад; аммо муҳимтарин матлуб, нафси сухан гуфтан ва розу иёз бо Худост ки аз дархост аз Худо басе болотар аст.

Худое ки дар ин наздики аст

Рӯзе ҳазрати Алӣ(к) вориди бозор шуд, касе таваҷҷуҳ надошт ки ҳазрат вориди шуда аст ва шахсе бо дигаре машғули гуфтугу буд, гуфт: Қасам ба он кас ки пушти ҳафт пардаи осмон пинҳо шуда аст! ҳазрати Алӣ(к) ба пушти ӯ зад ва пурсиданд: Кист он кас ки пушти ҳафт парда пинҳо шуда аст?

Он мард гуфт: Худованд аст эй Алӣ(к), ҳазрат фармуд: Хато карди, марг барои ту беҳтар аз чунин эътиқоди пасте аст, ҳамоно байни Худои бо иззат ва ҷалол ва махлуқаш пардае нест, зеро Худованд бо махлуқоти худ ҳаст ҳар куҷо ки бошанд, арз кард: Эй Алӣ каффораи ончи гуфтам чист? Ҳазрат фармуд: Ин аст ки бидони Худо бо ту аст ҳар куҷо ки боши, арз кард оё ба бенавоён хурок бидиҳам? Фармуд: Не, зеро ба ғайри Худои худ савганд хурдаӣ.

Аз ҳадиси боло равшан аст, ки ҳар гуна хонади Худо, иҷоза дода нашуда аст ва шеъри маъруфе ки мавлави маншаи ингуна тасомуҳҳо шуда аст:

Диди Муо як шабонеро ба роҳ

Ку ҳамегуфт эй гузинанда илоҳ

Ту куҷои то шавам ман чокират

Чоруқат дузам кунам шона сарат

Ҷомаат шуям шипишҳот кушам

Шир пешат оварам эй муҳташам

Дастакат бусам бимолат поякат

Вақти хоб ояд бирубам ҷоякат

Дар сураи Аъроф ояти 180 Худовад мефармояд:

وَ لِلَّهِ الاسْماءُ الْحُسْنى‏ فَادْعُوهُ بِها وَ ذَرُوا الَّذینَ یُلْحِدُونَ فی‏ أَسْمائِهِ سَیُجْزَوْنَ ما كانُوا یَعْمَلُونَ

Худоро номоҳои некутар аст ӯро бадонҳо бихонед ва касонеро кидар номҳои вай каҷрави мекуаннд во гузоред. Ба зуди сазои аъмолеро ки мекардаанд хоҳанд дид.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст