Натиҷаҳои пажуҳишҳо дар Англия нишон медиҳад, ки пушидани ҳиҷоб монеи изтироб ва таниш шуда ва оромиши рӯҳи бонувони муҳаҷҷаба дар муқоиса бо дигарон бештар аст.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Икно ва ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “ал Мустақилла”и Ироқ, натиҷаҳои ин пажуҳиш, ки дар моҳномаи илми Англия мунташир шуда аст, нишон дод ки бонувони мусулмоне, ки барои пушиши сари худ аз ҳиҷоби исломи истифода мекунанд, камтар дар маърази изтироб ва таниш ҳастанд.
Ин моҳнома меафзояд: Тайи мутолиоте, ки бо истинод ба илм бар рӯи туъдоде бонувони муҳаҷҷаба дар Англия анҷом шуда аст, бонувони мусулмоне ки аз ҳиҷоб истифода карда буданд, камтарин мизони таниш ва изтиробро дар ҷавоб ба тағироти физиолужи ва мутобиқати онҳо бо шароити муҳити доштанд.
Ин гузориш меафзояд: Бонувони муҳаҷҷаба нисбат ба афроди беҳиҷоб, ба зиндаги диди беҳтар ва ҳисси хушояндатаре доранд, камтар эҳсоси шикаст мекунанд ва дар кулл эҳсоси ризояти бештаре доранд. Ин даста аз бонувон ҳамчунин дар муқоиса бо афроди беҳиҷоб беш аз ҳадд нигарони зебои зоҳирии худ нестанд ва аз ин назар оромиши руҳи ва равонии бештаре доранд.