Истифода аз фурсатҳо ва мудирияти замон яке аз масоиле аст ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ буда аст.
Қуръон ва таваҷҷуҳ ба замон
Қасами Худованд дар Қуръони Карим бо иборати “вал аср” ҳикояти аҷибе дорад. Ин савганд таваҷҷуҳи одамиро ба неъмате маътуф медорад ки аз арзиши волое бархурдор аст. Замон аз ҷумла неъматҳое аст ки дар мутуни дини аз аҳамияти бисёри он сухан гуфта шуда аст. Худованд дар паравти неъмати замон, қобилиятҳои нуҳуфтаеро дар тули муддати умр, барои инсонҳо ба амонат гузорида ки мудирияти равишманд ва баҳра бардори саҳеҳ аз он, нақши таинкунандае дар эътилои кайфи сабки зиндаги дини ва дар натиҷа ҳаёти маъқул дорад. Аз ин рӯ дини мубин ба унвони барномаи ҳушманд ва ҳама ҷониба, таваҷҷуҳи инсонро ба аҳамияти замон маътуф дошта, ва тавсеяҳои муфидеро дар мавриди шеваи саҳеҳ мудирияти замон ва баҳравари муносиб аз он гушзад мекунад. Ончи аз оёти Қуръони Карим бармеояд гуёи ин аст, ки замон ва умри одами бисёр кутоҳ аст. Ин воқеияти муҳимро инсон замоне дарк мекунад ки аҷалаш фаро расида, дасташ аз ин дунё кутоҳ ва аз он хориҷ гашт. Инҷост ки мефаҳмад, таваққуфаш дар ин дунё асргоҳ ё субҳгое беш набуда аст (сураи Нозиот, ояти 46) ва ё эҳсос мекунад ки танҳо соате аз рӯзро дар дунё монда аст. (Сураи Юнус, ояти 44) Қуръони Карим барои пай бурдани арзиши замон аз бархе аз иттифоқоти роз олуд пас аз марг парда бардошта ва ҳоли афродеро ҳикомят мекунад ки пас аз марг, хоҳони бозгашти дубора ба дунё ва тадорук фурсати нав ҳастанд, ки бо адами иҷобати Парвардигор рӯ ба рӯ мешаванд. (Сури Муъминун, оёти 98 ва 99.)
Аз нигоҳи ҳазрати Алӣ(к) баҳрагири аз фурсатҳо ба вижа ҷиҳати тушаандузи барои охират, шеваи муттақин ва нишонаи ақл ва тадобир аст ва аз даст додани фурсатҳо ва ё аҷала дар коре ки ҳанӯз мавиди он фаро нарасида нишонаи бехиради ва нодони аст.
Ҳазрати Алӣ(к) ва мудирияти замон
Мудирияти замон иборат аст аз огоҳи ба илм ва фанн ва ҳунари истифода самаранок аз замон, доштани дониш ва маҳорати лозим дар ин замина ва анҷоми корҳо ва умур ба таври асарбахш ва ба мавқеъ, ки бархурдори аз он яке аз калидҳои муваффақият аст. Мудирияти замон яъне барномарези замон, яъне фароҳам кардани нақша ва тарҳи муносиб ва дақиқ барои расидан ба ҳадафҳои мавриди назар ва аз пеш таиншуда. Ва дарин миён мудирияти саҳеҳ аст ки тамоми абъоди вуҷуди инсон, хостҳо ва тамоюлоти марбут бадонро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад, ҳазрати Алӣ(к) бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар боби мудирияти замон мефармоянд: Муъмин бояд шабонарӯзи худро ба се қисм тақсим кунад, замоне барои ниёиш ва ибодати Парвардигор ва замоне барои таъмини ҳазинаи зиндаги ва замоне барои во доштани нафс ба лаззатҳое ки ҳалол ва мояи зебои аст, хирадмандро нашояд ҷуз он ки дар пайи се чиз ҳаракат кунад: Касби ҳалол барои таъмини зиндагӣ, ё гом ниҳодан дар роҳи охират ё ба даст овардани лаззатҳои ҳалол. Наҷҳулбалоға, ҳикмати 390.
Таваҷҷуҳ ба фурсатҳо
Умри инсон яке аз фурсатҳои арзишманде аст ки Худованд онро дар ихтиёри инсон қарор дода то бадон восита, гавҳари вуҷуди хешро мутаоли кунад дар ин миён муғтанам шумурдан ва аз даст надодани фурсатҳои вижа ҳарфи аввалро мезанад. Ҳазрати Алӣ(к) дунёи фониро гузаргоҳе муваққат муаррифи карда ва ниҳоят истифодабурдан аз онро фаровон суфориш мекунанд ва мефармоянд: Бандагони Худо, ҳамакнун амал кунед, ки забонҳо озод ва баданҳо солим ва аъзо ва ҷавореҳ омодаанд ва роҳи бозгашт фароҳам ва фурсатҳо зиёд аст, пеш аз онки вақт аз даст биравад ва марг фаро расад, пас фаро расид маргро ҳатми бишуморед ва дар интизори омаданаш ба сар набаред. Охират наздик ва замони мондан дар дунё андак аст.
Ҳазрати Алӣ(к) зимни ёдовари арзиш ва аҳамияти фурсатҳо, дустдорони худро ба баҳрагири ҳарчи беҳтар аз ин фурстаҳои зудгузар ташвиқ карда ва мефармояд:
Фурсатҳо ҳамчун убури абрҳо мегузаранд, бинобар ин фурсатҳои некро ғанимат бишуморед.
Аз нигоҳи Ҳазрати Алӣ(к) баҳрагири аз фурсатҳо ба вижа ҷиҳати туша андузи барои охират, шуваи муттақин ва нишонаи ақл ва тадбир аст ва аз даст додани фурсатҳо ва ё аҷала дар коре ки ҳануз мавиди он фаро нарасида аст нишонаи бехиради аст. Ҳазрати Алӣ(к) касоне ки ба мавқеъ аз фурсатҳои худ истифода ва бар аҷал пеш дасти карда ва аз кор ва талоши худ тушаи кофи баргирандро машмули раҳмати Худо дониста ва дар муқобил, аз даст рафтани фурсатҳоро мавҷиби ундуҳ ва пушаймони медонад ва боз ишон мефармояд: Фурстаҳое ки пеш меоядро сареъ дарёбед зеро ҳарчиро саромад ва вақти мушаххасе аст ки дигар ё бозгаште надошта ва ё бисёр де боз мегарданд.
Намунае аз ин фурсатҳо ки дар омузаҳои исломи бештар мавриди маъкид қарор гирифтаанд иборатанд аз фурсати ҳаёт, саломати, сарват, фароғи бол ва ҷавони ки Ҳазрати Алӣ(к) тамоми онҳоро гузаро ва рӯ ба завол медонад ва ба дустдорони худ тавсея мекунад ки пеш аз онки аз даст раванд, беҳтарин истифодаро дар роҳи тоати Худо аз он бинамоянд.
Вақтро ғанимат дон он қадар ки битвони
Ҳосил аз ҳаёт эй ҷон ин дам аст то дони
Ком бахши гардуни умр дар аваз дорад
Ҷаҳд кун ки аз давлати дод айш бистони