Дар ҳадисе нақл шуда аст ки: Шахсе ба хидмати Расули Гиромии Ислом(с) расид ва арз кард: Оё иҷоза медиҳед ки мо орзӯи марг кунам? Ҳазрат фармуданд: Марг чизе аст ки гурезе аз он нест ва сафаре бас тулони аст аммо касе ки иродаи ин сафарро дорад сазовор аст 10 ҳадяҳое омода кунад баъд вориди ин сафар шавад, сипас ҳазрат фармуданд:
Ҳадяе ба ҳазрати Азроил, ҳадяе барои қабр, ҳадяе барои накиру мункар, ҳадяе барои мизон, ҳадяе барои сирот, ҳадяе барои (маъмури ҷаҳаннам) молик, ҳадяе барои (дарбони биҳишт) Ризвон, ҳадяе барои Паёмбари Худо(с), ҳадяе барои ҳазрати Ҷабраил ва дар поён ҳадяе барои Худо.
«آمّا هدیّة عزرائیل فأربعة أشیاء: رضاءالخصماء و قضاءالفوائت و شوق الی الله و التمنی للموت»
“Аммо ҳадяи ҳазрати Азроил чаҳор чиз аст: 1.Рози кардани афроде ки ҳаққе бар гардани инсон доранд. 2.Ба ҷо овардани намоз ва рӯзаҳои фавт шуда (яъне рӯзаҳои ки натавонисти бигири бояд бигирад). 3.Шавқу завқ барои мулоқот бо Худо. 4.Орзӯи марг доштан.”
« و هدیّة القبر أربعة أشیاء: ترك النمیمة واستبرائه من البول و قرائة القران والصلاة اللیل»
“Ҳадяи қабр чаҳор чиз аст: 1.Наммоми ва ду ба ҳам заданро тарк кунад. 2.Аз наҷосот ва тарашшуҳоти бавли худ ҳифз кунад. 3.Хондани Қуръон. 4.Хондани намози нофилаи шаб.”
« و هدیة منكر و نكیر أربعة أشیاء: صدق اللسان وترك الغیبة و قول الحق والتواضع لكل حال»
“Ҳадяи накиру мункар ҳам чаҳор чиз аст: 1.Ростгӯӣ. 2.Тарк кардани ғайбат. 3.Ҳаққро гуфтан. 4.Тавозуъ кардан дар ҳар ҷойгоҳе.”
« و هدیة المیزان أربعة أشیاء: كظم الغیظ و ورعٌ صادق و المشی الی الجماعات و التداعی الی المغفرات.»
“Ҳадяи мизон ҳам чаҳор амал аст: 1.Фуру бурдани хашм. 2.Ба рости дури кардан аз шубҳаҳо. 3.Рафтан ба сӯи намози ҷамоатҳо. 4.Ҷалб кардани асбоби мағфирати илоҳӣ.”
« و هدیة الصراط أربعة أشیاء: إخلاص العمل و حُسن الخلق و كثرة ذكرالله و إحتمال الأذی »
“Ҳадяи сирот ҳам чаҳор чиз аст: 1.Ихлос дар амал. 2.Хуш ахлоқи. 3.Бисёр зикри Худо гуфтан. 4.Таҳаммул кардани азият ва озорҳо.”
«و هدیة مالك أربعة أشیاء: البكاء من خشیة الله و صدقة السرّ و ترك المعاصی و برّالوالدین»
“Ҳадяи молики дарбони ҷаҳаннам ин чаҳор чиз аст: 1.Гиря кардан аз хашяти илоҳӣ. 2.Садақаи пинҳони додан. 3.Тарк намудани гуноҳон. 4.Неки ба падар ва модар.”
«و هدیة رضوان أربعة أشیاء: الصبر علی المكاره و الشكر علی نعمه و إنفاق المال فی طاعته و حفظ الأمانة فی الوقف»
“Ҳадяи Ризвон (дарбони биҳишт) чаҳор чиз аст: 1.Сабр кардан бар сахтиҳо. 2.Шукр кардан бар неъматҳо. 3.Инфоқи мол дар роҳи Худо. 4.Амонатдори дар чизҳое ки вақф шудаанд.”
«و هدیة النبی اربعة أشیاء: محبّته و الإقتداء بسنّته و محبّة أهل بیته و حفظ اللسان عن الفحشاء»
“Ҳадяи ҳазрати Паёмбар(с) ҳам чаҳор чиз аст: 1.Муҳаббат ба ҳазрати Паёмбар(с). 2.Пайрави кардан аз суннати он ҳазрат. 3.Муҳаббат нисбат ба аҳли байти он ҳазрат. 4.Ҳифз намудани забон аз носазо ва фуҳш додан.”
«و هدیة جبرئیل أربعة أشیاء: قلّة الأكل و قلّة النوم و مداومة الحمد و....»
“Ҳадяи ҳазрати Ҷабраил ҳам чаҳор чиз аст: 1.Кам хурдан. 2.Кам хобидан. 3.Ҳамеша бар ҳамди илоҳӣ будан (ё сураи ал ҳамдро хондан.)”
«و هدیة الله تعالی أربعة أشیاء: الامر بالمعروف و النهی عن المنكر و النصیحة بالخلق و الرحمة علی كل حال»
“Ва ҳадяи Худованд ҳам чаҳор чиз аст: 1.Амр кардан ба хубиҳо. 2.Наҳй кардан аз бадиҳо. 3.Насиҳат кардани мардум. 4.Раҳмат доштан ба ҳарма дар ҳар ҷойгоҳе ки бошанд.”
Ба рости оё мо омодаи сафари охират шудаем бо ин сифатҳое ки Паёмбар(с) гуфтаанд??
Каме ба худамон фирк кунем куҷои кор хатоҳое дорем то дар садади рафъи онҳо бароем??


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст