Ҳарчанд пиру хаста дилу нотавон шудам
Ҳаргаҳ ки ёди руи ту кардам ҷавон шудам
Шукри Худо ки ҳар чи талаб кардам аз Худо
Бар миннатҳои ҳиммати худ комрон шудам
Эй гулбуни ҷавон бар давлат бихур ки ман
Дар сояи ту булбули боғи ҷаҳон шудам
Аввал зи тахту фавқи вуҷудам хабар набуд
Дар мактаби ғами ту чунин нуктадон шудам
Қисмати ҳаволатам ба харобот мекунад
Ҳар чанд кин чунин шудаму он чунон шудам
Он рӯз бар дилам дурри маъни гушуда шуд
Каз сокинони даргаҳи пири муғон шудам
Дар шоҳроҳи давлати сармад ба тахт бахт
Бо ҷоми май ба коми дили дустон шудам
Аз он замон ки фитнаи чашмат ба ман расид
Иман зи шарри фитнаи охир замон шудам
Ман пири солу моҳ ниям ёр бевафост
Бар ман чу умр мегузарад пир аз он шудам
Душам навид дод иноят ки Ҳофизо
Бозо ки ман ба афви гуноҳат замон шудам