Дар зеҳни бисёре ин савол шояд пеш биёяд, ки Иблис чаро малъун шуд дар ҳоле ки 6 ҳазор сол ибодати Худо карда буд ва ба даргоҳи Худованд наздик шуда буд. Ин саволро дар Қуръон ҷустуҷу мекунем ва дар Қуръон чунин омада аст:
قالَ يا إِبْليسُ ما مَنَعَكَ أَنْ تَسْجُدَ لِما خَلَقْتُ بِيَدَيَّ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنْتَ مِنَ الْعالين  قالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَني‏ مِنْ نارٍ وَ خَلَقْتَهُ مِنْ طين  قالَ فَاخْرُجْ مِنْها فَإِنَّكَ رَجيم  وَ إِنَّ عَلَیْكَ لَعْنَتىِ إِلىَ‏ یَوْمِ الدِّینِ(
Худованди Мутаол фармуд: Эй Иблис! Чи чиз монеъ шуд бар махлуқе ки ман офаридам саҷда накуни? Такаббур варзиди, ё болотар аз он буди ки фармони суҷуд ба ту дода шуд? Иблис (такаббур интихоб кард ва) гуфт: Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам, чаро ки маро аз оташ офариди ва ӯро аз гил. Худованд ба ӯ фармуд: Аз сафи малоика, аз осмон бирав берун ки ту рондаи даргоҳи мани ва мусалламан лаънати ман бар ту то рӯзи қиёмат идома хоҳад ёфт.
Се дарси омӯзанда ва муҳимме, ки дар ин гуфтугу нуҳуфта аст
1.Дар ҷавоб Иблис ишорае аст ба инки аз назари Иблис авомили илоҳӣ ба худии худ лозимул иҷро нестанд; балки фаромини илоҳӣ вақте лозимул итоа ҳастанд, ки ҳақ бошанд ва чун амраш ба саҷда кардан, ҳаққ набуд пас итоааташ ҳам воҷиб набуд. Баргашти ин ҳарф ба ин аст, ки Иблис итлоқи моликияти Худо ва ҳукумати ӯро қабул надошта ва ин ҳамон асли решаи аст, ки тамоми гуноҳон ва нофармониҳо аз он сарчашма мегирад; чун гуноҳ вақте сар мезанад, ки соҳибаш бо инкори рубубияти Худо ва бо ин тавҷеҳ ки анҷом додани гуноҳ баҳтар аз тарки он аст, аз ҳукми илоҳӣ сарпечи кунад.
2.Ин муҷозоти сангин барои Иблис танҳо барои тарки як саҷда набуд; ончи боиси ин суқут ва лаънати абади Иблис шуд такаббури ӯ буд. Такаббуре ки бо изҳори назар ва далел овардани ӯ дар баробари илоҳӣ вуҷудаш собит шуд. Агар далели Иблисро таҳлил кунем сар аз куфри аҷибе дар меоварад ӯ бо ин сухани худ дар ҳақиқат ба Худо гуфт ки бархе аз дастуроти ту асос ва пояи дурусте надорад (инкори ҳикмати илоҳӣ) ва низ бархе аз дастуроти ту комилан нодуруст маозаллоҳ ноогоҳона аст (инкори илми илоҳӣ) ва ман беҳтар мефаҳмам.
3.Касе ки олимона ва аз рӯи амд барқасд гуноҳе анҷом медиҳад дар ҳақиқат ҳамон роҳеро рафта аст, ки Иблис рафта. Яъне ба Худо мегуяд ту гуфтаи накун вале назари ман ин аст, ки анҷоми ин кор мушкиле надорад ва баъд он гуноҳро анҷом медиҳад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст