Пайғамбари Акрам(с) вақте суфраро наздашон мекушоданд, чунин мегуфтанд: Худоё! Ту муназзаҳӣ, чи некӯст ончи моро ба он озмудаӣ! Ту муназзаҳӣ чи бисёр аст, он чи бар мо бахшидаӣ! Ту муназзаҳӣ, чи фаровон аст саломатиҳое, ки бар мо додаӣ! Худоё! Бар мо ва бар фақирҳои аҳли имон ва Ислом кушоиш дар рӯзӣ каромат фармо.
Пайғабари Аъзам(с) вақте бар сари дастархон менишастанд, чунин мегуфтанд: Ба номи Худо. Худоё! Ин ғизоро аз неъматҳо қарор деҳ, ки шукраш ба ҷо оварда шавад ва онро бо неъмати биҳиштӣ муттасил фармо.
Пайғамбари Акрам(с) вақте даст ба хурок дароз мекарданд, мегуфтанд: Ба номи Худо. Парвардигоро он чиро ба мо рӯзӣ додаӣ, баракат деҳ ва дар пайи он рӯзии нав ҳам бар мо ато фармо.
Имом Боқир(р) мефармоянд: Вақте дастархонро аз назди Пайғамбари Акрам(с) ҷамъ мекарданд, чунин мегуфтанд: Худоё! Неъматро бар мо фаровон кардӣ ва покиза намудиву муборак сохтӣ, сипас сер гардондиву сероб намудӣ. Ҳамд ва ситоиш, Худоеро, ки мехӯронад, вале худ ниёзе ба хӯрдан надорад.