Эй подшоҳи олам ишқат ба сина дорам

Дар қоби синаи худ акси Мадина дорам

Дорам вилояти ту, дар дил муҳаббати ту

Сармасти ҷоми ишқат, дар шоми беъсати ту

Ҳамон Аҳмад ки сармастони сармад

Бихонандаш Абулқосим Муҳаммад

Муҳаммад миму ҳоу миму дол аст

Тадорукбахши адлу эътидол аст

Ҳазорон розро дар ман нуҳуфти

Вале дар гуши ман ингуна гуфти

Зи аҳмад то аҳад як мим фарқ аст

Ҷаҳоне андар ин як мим ғарқ аст

Имрӯз ки беъсати Расул аст

Гардида лаб ошнои Қуръон

Дар ғори Ҳиро нишаста Аҳмад

На хонда алиф на ёи Қуръон

Нури итрат омад аз оинаам

Кист дар ғори Ҳирои синаам

Раг рагам пайғоми Аҳмад медиҳад

Синаам бӯи Муҳаммад медиҳад

Аз беъсати ӯ ҷаҳон ҷавон шуд

Гети чу биҳишт ҷовидон шуд

Ин ид ба аҳли дин муборак

Бар ҷумлаи муслимин муборак

Туӣ ҳам Мустафову ҳам Муҳаммад

Туро дар осмон номанд Аҳмад

Ту конуни сафо марди яқини

Ту айни раҳматуллил оламини

Ба амри Рабби худ лаббайк гуям

Ба ҳамроҳи малоик ҷумла гуям

Салому раҳмати ҳаққ бар Муҳаммад

Аллоҳумма салли ало Муҳаммад

Сарҳалқаи ушшок ба олам, Аҳмад

Яъне ҳадаф аз хилқати одам, Аҳмад

Рахшону фурузанда бар ангушти вуҷуд

Пайғамбари ангуштару хотам Аҳмад

Моҳ фуру монд аз ҷамоли Муҳаммад

Сарв набошад ба эътидоли Муҳаммад

Қадри фалакро камолу манзилате нест

Дар назари қадр бо камоли Муҳаммад

Эй шоҳсавор малак ҳасти

Султони хирад ба чирадасти

Эй хатми паямбарони мурсал

Ҳалвои пасину милҳи аввал

Меҳрро равшани аз рӯи ту афрухтан аст

Моҳро ҳус зи рухсори ту омухтан аст

Гул ба пеши гули рухсори ту эй рашки биҳишт

Ҳамчу хорест ки шоистаи он сухтан аст

Соили дармонда ноумед нагардад

Гар ки бикубад дари сарои Муҳаммад

Эй ки нидои азон расид ба гушат

Ҳон ки ба гушат расад нидои Муҳаммад


Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд

Дили рамидаи моро анису мунис шуд

Нигори ман ки ба мактаб нарафту хатт нанавишт

Ба ғамза масалаомӯзи сад мударрис шуд

Хонад забони дилам санои Муҳаммад

Монад хирад хира дар лиқои Муҳаммад

Дидаи дил, ҷоми ҷам ба ҳеҷ шуморад

Сурма кунад гар зи хоки пои Муҳаммад

Ё раҳматаллиломаин Ҷибрил мехонад туро

Эй мунҷии кулли башар берун биё аз ин саро

Ту шаҳриёри олами то чанд дар ғори Ҳиро

Эй Юсуфи Мисри вуҷуд аз чоҳи таҳои даро

Ғори Ҳиро саросар лабрези нури сармад

Ҷабраил омаду гуфт қум фа анзир Муҳаммад

Бархезу раҳбари кун, бар ёр ёвари кун

Бар халқи ҳар ду олам, аз ҳақ паямбари кун

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст