Шаби ошиқони бедил чи шабе дароз бошад,
Ту биё каз аввали шаб дари субҳ боз бошад.
Аҷибаст агар тавонам ки сафар кунам зи дастат,
Ба куҷо равад кабутар ки асири боз бошад.
Зи муҳаббатат нахоҳам ки назар кунам ба руят,
Ки муҳаббати содиқ онаст ки покбоз бошад,
Ба карашма иноят нигаҳе ба сӯи мо кун,
Ки дуои дардмандон зи сари ниёз бошад.
Сухане ки нест тоқат ки зи хештан бипушам,
Ба кадом дуст гуям ки маҳалли роз бошад.
Чи намоз бошад онро ки ту дар хиёл бошӣ,
Ту санам намегузори ки маро намоз бошад,
На чунин ҳисоб кардам чу ту дуст мегирифтам,
Ки санову ҳамд гуяму ҷафову ноз бошад.
Дигараш чу боз бини ғами дил магуй Саъди,
Ки шаби висол кутоҳу сухан дароз бошад.
Қадаме ки баргирифти ба вафову аҳди ёрон,
Агар аз бало битарси қадами маҷоз бошад.