Бо ибтикори Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё (ИРАС) маҳфили ёдбуд ба муносибати зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик баргузор гардид. Дар ин маҳфил шахсиятҳо ва мақомҳои дипломатии муқими Теҳрон, рӯзноманигорон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Ибтидо Нарзихон Зоиров - Мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон барои ҳозирон аз хадамоти арзандаи Алломаи Машриқзамин - Устод Айнӣ сӯҳбат намуда, ёдовар шуд, ки Айнӣ ҳамзамон бо Нимо Юшич - падари шеъри форсии Эрон аввалин бор шеъри сафед сурудааст ва чанд байт аз шеъри "Марши ҳуррият" - и Устодро қироат намуд. Мавсуф ба нақшу ҷойгоҳи волои ин адиби барӯманд, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон ва мураббии адибони рӯзгораш ишора намуда, ёдовар шуд, ки ҳамаи форсизабонони Осиёи Миёна дар амри ташкилшавии давлати Тоҷикистон мадюну марҳуни ин донишманди фарзона ҳастанд, зеро Устод тани танҳо бо мухолифон мубориза намуд ва бо қалами бурроаш дар шаклгирии давлати навпои Тоҷикистон ҷонашро ба гарав гузошт.
Н. Зоиров дар поёни суханрониаш пешниҳод намуд, ки яке аз кӯчаю хиёбонҳои Эрон ба номи ин қаламкаши номвар гузошта шаванд, ки ин амр дар таҳкими дӯстии ду миллати бародари тоҷику эронӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, чун дар Тоҷикистон чандин шаҳру ноҳия ва муассисаҳои пажуҳишию хиёбонҳо ба номи адибони эронӣ номгузорӣ шудаанд.
Сипас, доктор Насир Аҳмади Нур - Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Теҳрон дар бораи ҷойгоҳи мумтози забони форсӣ - тоҷикӣ дар минтақа ва ҷаҳон суханронӣ намуда, нақши ин забонро дар пайванди миллатҳо муҳим донист ва афзуд истеъмори ҷаҳонӣ забони худро бо зӯру фишор бар миллатҳо таҳмил менамуд, аммо форсӣ бо равиши табиию ҷаззоби хеш ҳар ҷо мерафт ақвому милалро ба сӯи худ мекашид ва ҳар ғайрифорсизабон орзу мекард "Бӯстон" - у "Гулистон" - у "Шоҳнома" - ю "Маснавӣ" - ро бо забони аслии онҳо мутолиа кунад. Номбурда Устод Айниро яке аз чеҳраҳои дурахшон барои гиромидошти забони тоҷикӣ - форсӣ дар Осиёи Миёна унвон кард.
Дар идома профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ба таъсири забонҳои бегона дар миёни мардуми минтақа ишора карда, нақши фаъолонаи Устод Айниро дар ҳифзу бақо ва пойдории он бо далелҳо собит намуд.
Дар поён ширкаткунандагон дар бораи паҳлӯҳои дигари зиндагӣ ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ аз меҳмонон саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё 10 сол пеш бо ташаббуси доктор Маҳдии Саноӣ, ки дар ҳоли ҳозир Сафири ҶИЭ дар Русия мебошад, ташкил шуда, бо забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ бо ин нишонӣ - http://www.iras.ir/ мақола ва таҳлилҳоро мунташир мекунад.
Ин маҳфил рӯзи шанбе - 19 апрели соли равон доир шуд.