Ҳамоиши ҷаҳонии ваҳдати исломӣ бо ҳадафи тавсеаи ҳамбастагӣ дар миёни уммати исломӣ дар Иломободи Покистон баргузор мешавад.
Ин ҳамоиш бо ҳамкории шӯрои ҳамбастагии миллии Покистон баргузор мешавад ва дар он масоили пеши рӯи мусалмонон дар Миянмар, Фаластин, Сурия, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Раҷо Муҳаммад Зафарулҳақ раиси ҳизби ҳокими Покистон, Махдум Амин Фаҳим вазири корҳои динии ин кишвар, ҳамчунин раиси ҷамоати исломии Покистон, раиси ҷамоати даъвати Покистон ба ҳамроҳи олимону андешмандон ва равшанфикроне аз ин кишвар ва ҷаҳони ислом дар ин ҳамоиш ҳузур баҳам расонидаанд.
Лиёқат Булуч раиси кулли ҷамоати исломии Покистон дар гуфтугӯи худ инчунин эълом кард: Дар ин ҳамоиш ҳамбастагӣ дар Покистон низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Вай фазуд: Олимон ва устодоне аз Эрон, Афғонистон, Судон, Миср ва Фаластин дар ин ҳамоиш ҳузур доранд.
Лиёқат Булуч гуфт: нерӯҳое дар ҷаҳони вуҷуд дорад, ки дар ҳоли шиддат додан ба ихтилофот миёни мусалмонон барои суст кардани боварҳо ва андешаҳо ва эътиқодоти онҳо ҳастанд. Омрико кишварҳои моро ба баҳонаи сулҳу созиш бумборон мекунад, тавтеаҳо мечинанд то мусалмонони мазоҳиби гуногун аз ҳам ҷудо шаванд. Дар инчунин шароит мо бояд бо ҳам якпорча шавем ва ҷаҳони исломро ба роҳи пешрафт бозгардонем.