Вақте ҳазрат Исо(а) аз Худованд дархост кард касеро ба ӯ нишон диҳад, ки назди Худо маҳбубтар аз ӯ бошад, Худованд Исо(а)ро ба пиразане, ки дар канори дарё зиндаги мекард раҳнамои намуд.
Вақте Исо(а) ба суроғи он зан омад, дид дар харобае зиндаги мекунад ва бо бадани фалаҷ ва чашмони нобино дар гушае раҳо шуда аст. вақте ҳазрат Исо(а) назди ӯ рафт ва диққат кард, дид пиразан машғули зикре аст:
« الحَمدُ للهِ المُنعِمِ المُفضِلِ المُجمِلِ المُکرِمِ»
“Худоё шукрат ки неъмат додӣ, карам кардӣ, зебоӣ додӣ, каромат додӣ.”
Ҳазрат Исо(а) тааҷҷуб кард, ки ӯ бо ин бадани фалаҷ ки фақат даҳонаш кор мекунад, чаро чунин ситоиш мекунад? Бо худ гуфт, ки ӯ аз авлиёи Худост ва ман беиҷоза вориди хароба шудам; баргардам, иҷоза бигирам ва баъд дохил шавам. Ба дами хароба бозгашт ва гуфт: “« السَّلامُ علیکُ یا أَمةَ الله Пиразан гуфт: وعلیک السَّلام یا روح الله . Исо(а) пурсид: Модар! Магар маро мебинӣ?
Гуфт: Не. Пурсид: Пас аз куҷо донисти, ки ман Руҳуллоҳ ҳастам? Пиразан гуфт: Ҳамон Худое, ки ба ту гуфт маро бубин, ба ман гуфт чи касе меояд. Исо(а) бо иҷозаи он зан вориди хароба шуд ва пурсид: Худованд ба ту чи дода аст, ки ин қадар ташаккур мекунӣ? Ташаккури ту барои чист? Пиразан гуфт: Ё Исо, он чи ба ман дода буд аз ман гирифт, оё ҳамин тавр пас гирифта аст? Оё вақте мехост онро аз ман бигирад, ба ман нигоҳ кард ва пас гирифт? Исо(а) фармуд: Бале, Аввал ба ту нигоҳ карда ва баъд пас гирифта аст. Пиразан гуфт: Ман ба ҳамон нигоҳи ӯ хушам. Худо ин нигоҳро ба дигаре надошта ва ба ман карда аст; пас ҷои шукр дорад.
Ин пиразан бо ин ҳама мусибате, ки барояш ворид шуда аст боз ҳам ба Худованд умедвор ва ба ӯ ишқ меварзад. Аммо вақте барои мо мусибате пеш меояд, фикр мекунем Худо бо мо қаҳр карда аст дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо ҷуброни гуноҳони мост то Худованди Мутаол дар охират моро азоб накунад, баъзе дигар аз гирифториҳо ба хотири ин аст, ки аз Худо ғофил нашавем, баъзе дигар ҳам ба хотири ин аст, ки Худо дустамон дорад ва мехоҳад ба хотири сабр бар мушкилот, подоши бештаре дарёфт кунем.