Умдатарин суол дар ин миён он аст, ки оё дине ҷаҳонӣ (ислом) бо одобу сунани миллӣ чӣ рафторе дорад? Оё онҳоро канор мениҳад ва худ ба сохтани одобу русуми тоза мепардозад? Ё онҳоро таъйид мекунад ва дар канори хеш менишонад? Ва ё аз миёни онҳо гузиниш мекунад?
Агар ба манобеъ ва сарчашмаҳои динӣ бингарем, меёбем, ки хости дин, барчидани басоти сунани миллии як қавм нест, балки бар он аст, ки ин суннатҳоро самту сӯи олӣ бахшад. Дин танҳо ончиро ки бо фитрати одамӣ муғойират дорад бармечинад, чунон ки Қуръони Карим ҳурмат ва эҳтироми моҳҳои ҳаромро, ки расме ҷоҳилӣ буд, пос дошт:
“Эй касоне ки имон овардаед! Ҳурмати шаори Худо ва моҳҳои ҳаромро нигаҳ доред...” (Моида/2).
Ҳазрати Расули Худо (с) фармудаанд:
“Он ки суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал шавад, барои ӯ подоши амали худаш ба иловаи монанди подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) хоҳад буд бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва он касе ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, ваболи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст бидуни он ки аз визру ваболи дигарон коста шавад.” (Ибни Моҷа (1/75, р 207), Табаронӣ дар Авсат (4/343, р 4386), Доримӣ дар Сунан (1/140, р 512). Ҳусайн ибни Салим дар зайли ривояти номбурда дар Сунани Доримӣ мегӯяд: исноди ривоят ба ҷиҳати Осим ҳасан аст, аммо ҳадис саҳеҳ мебошад.)
Ҳазрати Алӣ (р) дар номае ба яке аз фармондони хеш фармуданд:
“Ойини писандидаеро барҳам марез, ки бузургони ин уммат бад-он рафтор намудаанд ва ба василаи он, мардум ба ҳам пайвастаанд ва раият бо якдигар созиш кардаанд. Ва ойине магузор, ки чизе аз суннатҳои неки гузаштаро зиён расонад, то подош азони ниҳандаи суннат бошад ва гуноҳи шикастани он бар ту монад.” (Наҳҷул балоға, таҳқиқи Субҳи Солеҳ, с 431).
Дар кутуби ривоии мо нақл шудааст, ки ислом порае аз суннату одоби пеш аз ислом (даврони ҷоҳилӣ)-ро таъйид кардааст. Масалан, ҳазрати Паёмбар (с) дар “Ҳилфул фузул” дар синни 25 солагӣ ширкат карданд ва баъдҳо (баъд аз он ки паёмбар шуданд) ба он ифтихор мекарданд ва мефармуданд: “Агар бад-он паймон даъват шавам, боз ҳам мепазирам.” (Торихи сиёсии ислом, 1/72).
Оре, ойини ислом, аз миёни одобу русуми миллӣ, ончиро ки хайру салоҳе дар пай надошта ва ё ин ки мафсадае ба дунбол дошта бошад, тард ва канор ниҳодааст, ки аз ин қабил аст:
1. Суннате, ки нишонгари як ойини ботил бошад, ки мисоли он, ҳаром будани ҳамл ва ё сохту нигаҳдории салиб аст. Расули Худо (с) вақте Удай ибни Ҳотами Тойро диданд, ки салиб ба гардан дорад, фармуданд: “Ин бутро канор бигузор.”
2. Суннате, ки хурофаолуд бошад. Ҳалимаи Саъдия вақте дар кӯдакии Паёмбар (с) хост мӯҳраҳо ва тилисмҳое ба бозуи Расули Худо (с) бибандад, бо эътирози он ҷаноб (с) рӯбарӯ шуд. Расули Худо (с) фармуданд: “Худованд нигаҳдори мост ва аз ин тилисмҳо коре сохта нест.”
3. Суннате, ки бо аҳкоми шариати ислом носозгор бошад. Ҳазрати Паёмбар (с) бо Зайнаб, баъд аз талоқ шуданаш тавассути Зайд ибни Ҳориса, издивоҷ карданд, то нишон диҳанд, ки ин суннати ҷоҳилӣ, ки “наметавон бо зани талоқшудаи писархонда издивоҷ кард” ғалат аст.
Ҳол ки назаргоҳи куллии дини ислом дар боби одобу русуми бумӣ ва миллӣ рӯшан шуд, инак бибинем, ойини муқаддаси ислом дар мавриди Наврӯз, яке аз расмҳои куҳан ва решадори мо, чӣ рафторе дорад?
Наврӯз аз дидгоҳи ислом
Агар дар боби Наврӯз дастури хоссе аз сӯи дин дар таъйид ё рад ба дасти мо намерасид, бар асоси қоидаи куллии исломӣ, ки мегӯяд: “Куллу шаъйин лака мубоҳ ҳатто таълама аннаҳу мамнуъ” (Ҳар чизе бароят мубоҳу муҷоз аст то модоме ки надонӣ (аз ҷониби шариат) мамнуъ эълом шудааст), мегуфтем, Наврӯз ба унвони як расми миллӣ, ҷои мазаммат ва манъ надорад, чаро ки асли Наврӯз ба унвони нишоне аз ойинҳои ботил мавриди такриму эҳтиром нест, балки фақат рангу бӯи миллӣ ва бумии он манзури назари мардуми мост.
Аммо ҳадисҳое дар манобеи исломӣ ривоят шудаанд, ки бархе аз он, мӯҳри таъйид мезананд ва бархе дигар қаҳр меварзанд ва бо он меситезанд. Бинобар ин, бархе аз уламои мо ҷониби таъйидро гирифта аз он дифоъ кардаанд ва бархе дигар ҷониби радро ихтиёр намуда, бо он ба ситез пардохтаанд.
Ҳол, инсоф аз мо инро металабад, ки ҳар ду даста аз ин ривоётро зикр кунем. Ибтидо ривоёти мувофиқ, яъне ривоёт ва осоре, ки аз зоҳирашон пайдост Наврӯз мавриди таъйиду имзои ислом аст, ва сипас, ривоёти мухолиф, яъне ривоёте, ки мамнӯъ будани ин ид аз назари исломро мерасонад, ёдовар, ва он гоҳ, баъд аз баррасии дақиқи онҳо, назари худро иброз медорем.
а) Ривоёт дар таъйиди Наврӯз:
1. Имом Бухорӣ дар Ат-таърихул-кабир аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад: “Барои Алӣ (р) фолуда оварданд. Алӣ (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имрӯз Наврӯз аст. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед.” (Ат-таърихул-кабир, Бухорӣ, ҷ 1, с 414).
2. Заҳабӣ дар Сияру аъломин-нубало аз Мукаррам ибни Аҳмади Қозӣ аз Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Шозони Марвазӣ аз падараш аз ҷаддаш ривоят мекунад: аз Исмоил шунидам, ки мегӯяд: ман писари Ҳаммод писари Абӯҳанифа писари Нӯъмон писари Собит писари Марзбон, аз форсҳои озода, ҳастам. Ба Худо савганд, ки ҳеҷ гоҳ дар миёни мо бардагӣ набуд. Падарбузургам (Абӯҳанифа) дар соли 80 қамарӣ ба дунё омадааст. Ҷаддам Собит назди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) рафт, дар ҳоле ки хурдсол буд, он гоҳ Алӣ (р) барои ӯ ва фарзандонаш дуои баракат кард, ва мо умедворем дуои Алӣ (р) дар ҳаққи мо ба иҷобат расад.” Сипас, ривоятро чунин идома медиҳад: “Нӯъмон ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз созед”. Ровӣ мегӯяд: “Бархе гуфтаанд, ки рӯзи Меҳргон буд ва Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Меҳргон кунед.” (Сияру аъломин-нубало, Заҳабӣ, ҷузъи 6, сафҳаи 395 аз аз Ал-мактабатуш-шомила).
Ин ривоят ҳамчунин дар Вафаётул-аъён, Таҳзибул-асмо, Тақрибут-таҳзиб, Таҳзибул-асмо, Таърихи Бағдод ва дигар манобеи мӯътабар ворид шудааст.
3. Берунӣ дар Ал-осорул-боқия оварда аст: “Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия оварданд. Он ҳазрат пурсид: “Ин чист?” Гуфтанд: “Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст.” Пурсид: “Наврӯз чист?” Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст.” Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард.” Пурсиданд: “Аскара чист?” Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст.” Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд.” (Ал-осорул-боқия, с 230).
4. Фирӯзободӣ дар Ал-қомус овардааст: “Миқдоре ҳалво барои Алӣ (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст. Фармуд, ҳар рӯзи мо Наврӯз аст. Ва дар Меҳргон гуфт, ҳар рӯзро барои мо Меҳргон кунед.” (Ал-қомус, Фирӯзободӣ, ҷ 2, с 279).
б) Ривоёти мухолиф:
1. Имом Бухорӣ дар Ат-таърихул-кабир овардааст: “Аюб ибни Динор аз падараш гӯяд: Алӣ (р) ҳадияи Наврӯзро намепазируфт.” (Ат-таърихул-кабир, ҷ 4, с 201).
2. Олусӣ дар Булуғул-ираб мегӯяд: “Паёмбар (с) вориди Мадина шуд. Мардумони Мадина ду ид доштанд, ки дар онҳо ба саргармӣ ва хушӣ мепардохтанд. Расули Худо (с) фармуд: ин ду рӯз чист? Гуфтанд: ду ёдгори ҷоҳилият аст. Фармуд: Худованд беҳтар аз онҳоро ҷойгузин кардааст: иди Қурбон ва иди Фитрро.” Гуфта шуда, ки он ду рӯз, Наврӯз ва Меҳргон буд. (Булуғул-ираб, ҷ 1, с 364). Ин ривоятро дигарон низ нақл кардаанд.
Пас, чунон ки хонандаи гиромӣ мебинад, дар боби Наврӯз, ривоятҳо мутафовит ҳастанд ва тардиде нест, ки ривоятҳои мутафовит, заминаи шаклгирии орои мутафовитанд.
Аммо, инсоф инро металабад, ки мо бо як диди бетарафона, ба баррасии ривоятҳои мувофиқ ва мухолиф бипардозем, то бибинем, кадом даста аз ин ривоёт қобили қабул ҳастанд.
Баррасии ривоятҳо
Ду ривояти мутафовите, ки аз китоби Ат-таърихул-кабир-и Имом Бухорӣ нақл гардид; яке дар таъйиди Наврӯз ва дигарӣ дар радди он, ҳар ду аз эътибор соқит ҳастанд. Аввалӣ ба хотири вуҷуди Алӣ ибни Зайд дар санади он ривоят, ки матрук дониста шудааст, ва дуюмӣ ба хотири Аюб ибни Динор мулаққаб ба Абӯсулаймони Мактаб дар санади ривояти номбурда, ки маҷҳул ва ношинохта аст.
Албатта, бояд ба ин нукта ҳам таваҷҷӯҳ шавад, ки китоби Ат-таърихул-кабир, гарчи аз осори Имом Бухорӣ аст, вале тамоми ривоёташ мисли ривоёти Саҳеҳи вай, мавриди таъйиду қабул нест.
Ва аммо ривояти манқул дар китоби Ал-осорул-боқия-и Абӯрайҳони Берунӣ, ки дар таъйиди Наврӯз оварда шудааст, дар ҳеҷ як аз китобҳои мӯътабари ривоӣ нақл нашудааст, ба илова, Абӯрайҳон санаде барои он зикр накардааст, аз ин рӯ, он ҳам аз эътибор соқит мебошад.
Боқӣ мемонад ду ривоят дар таъйиди Наврӯз; яке ривояти Исмоил ибни Ҳаммод, ки дар зайли он, ровии ривояти номбурда мегӯяд, Нӯъмон (ҷадди Имом Абӯҳанифа) ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд ва Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз созед, ки дар санадаш зоҳиран хадшае ворид нест, зеро Заҳабӣ баъд аз нақли он, чизе дар бораи санади он нагуфтааст, ва дигарӣ ривояти Фирӯзободӣ, ки чун дар маъно, наздик ба ривояти Исмоил мебошад, аз ин рӯ, ниёзе нест санадаш баррасӣ гардад.
Ва ҳамчунин боқӣ мемонад ривояти Олусӣ дар радди Наврӯз, ки ҳарчанд аз ноҳияи санад солим аст, аммо дар ин нукта, ки он ду иди замони ҷоҳилият, ки ҳазрати Паёмбар (с) ба ҷои онҳо иди Фитр ва Қурбонро ҷойгузини беҳтар донистаанд, Наврӯз ва Меҳргон бошад, тардид вуҷуд дорад. Зеро, таъбирҳои Наврӯз ва Меҳргон дар матни он нест ва зоҳиран ровиён ин дуро аз рӯи эҳтимол (на қатъу яқин) ба ривоят афзудаанд. Аз ин рӯ, Олусӣ пас аз нақли ҳадис мегӯяд: “Гуфта шуда, ки он ду рӯз, Наврӯз ва Меҳргон буд”.
Шавоҳиди дигар дар таъйиди Наврӯз аз сӯи ислом
Албатта ончи дар зайл нақл мекунем, далел нестанд, фақат ба унвони шоҳид меоварем:
1. Ба эътиқоди бархе коршиносони табдили гоҳшумор, дар ҷаласаи машваратии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) барои тақвим, Ҳурмузони тозамусалмон ширкат дошт ва тақвими шамсиро, ки бо Наврӯз шурӯъ мешавад, барои ҳозирон шарҳ кард ва халифа он тақвимро барои умури девонӣ ва хароҷ пазируфт. (Гоҳшумории ҳиҷрии қамарӣ ва мелодӣ, дуктур Ризо Абудуллоҳӣ, с. 25 ва 26).
2. Хароҷ дар давраи аббосиён бар асоси Наврӯз танзим мешудааст. (Таърихи Табарӣ, ҷ 9, с 218 ва ҷ 10, с 39 ва ҷ 11, с 203).
3. Хулафои умавӣ ва аббосӣ, ҳадияҳои Наврӯзро мепазируфтанд, ҳатто дастур медодаанд, то барояшон ирсол гардад. (Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, с 306 ва 313).
4. Аз дербоз то кунун, Наврӯз дар сурудаҳои шоирони тозигӯ ва порсизабон ҳузури ҷиддӣ дорад, ва ин низ шоҳиде гӯё бар ҳузури Наврӯз дар фарҳанги порсиёни мусалмон аст.
Ҳол, агар боз ҳам касе эътироз кунад ва бигӯяд, ҳамон гуна ки шумо шавоҳид аз ривоёту осор дар таъйиди Наврӯз овардед, ҳамчунин шавоҳид аз суханони фуқаҳо дар радду инкори он низ ҳаст, ки наметавон ба ин роҳатӣ аз канори онҳо гузашт, ба вижа он ки бархе аз бузургони мо, ҷашн гирифтани Наврӯзро куфр қаламдод кардаанд.
Дар посух, мо мегӯем, пас, бояд бипазирем, ки ибрози назар дар ин мавзӯъ, чи ба мувофиқат ва чи ба мухолифат, амрест иҷтиҳодӣ, ва дар умури иҷтиҳодӣ, агар касе ба хато равад, як подош насибаш гардад, ва агар иҷтиҳодаш дуруст аз об барояд, ду подош насиби ӯст, ва дигар, маҷол барои ҷанҷолу сарусадо боқӣ намемонад. Бигузор, касе ки Наврӯзро ғайри шаръӣ медонад, бар раъйи худ бимонад ва онро ҷашн нагирад ва дар ин рӯз аз манзил берун наояд ва мотам гирад, вале агар касе онро, бо таваҷҷӯҳ ба адиллае, ки арз шуд, ҷоиз ва ғайри мамнуъ аз ноҳияи шариат қаламдод кунад, бигузор онро ҷашн гирад, ки агар гуноҳе дар миён бошад, бар гардани ӯст, на он дигарӣ.