Сароғози гуфтор номи Худост,
Ки раҳматгару муҳрубон халқрост.
Худоё гувоҳи диҳам кин китоб,
Бар Аҳмад фиристодаи бар савоб.
Суханҳои поки туро зин сабаб,
Паямбар парондаст бар рӯи лаб.
Ҳидоят кун ҷумла зиндагон,
Танобест байни туву бандагон.
Худоё ба ту руй овардаам,
Китоби туро низ густардаам.
Нигоҳи маро бар хутути китоб,
Ибодат шумору бидонаш савоб.
Зи нураш бияфрӯз андешаам,
Шавад панд аз гуфтаат пешаам.
Зи ман доғи гарданкаши дур кун,
Ба таиди тоат мансур кун.
Чу хонам мазан муҳри ғафлат ба гуш,
Дилу дидаамро ҳиҷобе мапуш.
Агар хонданам аз тафаккур туҳист,
Сазоворашон Худоит нест.
Чунон кун ки ҷонам шавад ҳушёр,
Бибандам фаромин онро бикор.
Мабодо кунам ғофилона нигоҳ,
Шавад хонданам, хондане бас табоҳ.
Рауфу раҳими сазовори туст,
Ки дастам бигири ба роҳи дуруст.