Ба номи Худое, ки ҷон офарид,
Сухан гуфтан андар забон офарид.
Худованди бахшандаи дастгир,
Карими хатобахши пузишпазир.
Сари подшоҳони гарданфароз,
Ба даргоҳи ӯ бар замини ниёз.
Валекин Худованди болову паст,
Ба исён дари ризқ бар кас набаст.
Адими замин, суфраи ом ӯст,
Чи душман бар ин хони яғмо, чи дӯст.
Парастори амраш ҳама чизу кас,
Бани одаму мурғу муру магас,
Чунон паҳн хони карам густарад,
Ки симурғ дар қоф қисмат хурад.
Якеро ба сар барниҳад тоҷи тахт,
Якеро ба хок андар орад зи тахт.
Кулоҳи саодат яке бар сараш,
Гилеми шақоват яке дар бараш.
Гулистон кунад оташе бар Халил,
Гуруҳе бар оташ барад з-оби Нил.
Гар онаст, маншури эҳсони ӯст,
Варин аст, тавқеи фармони ӯст.
Фурумоягонро ба раҳмат қариб,
Тазарруъкунонро ба даъват муҷиб.
Бар аҳволи нобуда, илмаш басир,
Бар асрори ногуфта, лутфаш хабир.
Зи машриқ ба мағриб маҳу офтоб,
Равон карду густард гети бар об.
Диҳад нутфаро сурате чун парӣ,
Ки кардаст бар об суратгарӣ?
Бари ӯ илм як зарра пушида нест,
Ки пайдову пинҳон ба наздаш якест.
Муҳайё куни рӯзии мору мур,
Вагар чанд бедасту поянду зур.
Ба амраш вуҷуд аз адам нақш баст,
Ки донад ҷуз ӯ кардан аз нест, ҳаст?
Дигар раҳ ба китми адам дар барад,
Вазонҷо ба саҳрои маҳшар барад.
Ҷаҳон муттафиқ бар илоҳияташ,
Фурумонда аз кунҳи моҳияташ.
Башар моварои ҷалолаш наёфт,
Басар мунтаҳои ҷамолаш наёфт.
На бар авҷи зоташ парад мурғи ваҳм,
На дар зейли васфаш расад дасти фаҳм.
Дар ин варта кишти фуру шуд ҳазор,
Ки пайдо нашуд тахтае бар канор.
Чи шабҳо нишастам дар ин сайр, гум,
Ки даҳшат гирифт остинам ки қум.
Муҳит аст илми малак бар басит,
Қиёси ту бар вай нагардад муҳит.
На идрок дар кунҳи зоташ расад.
На фикрат ба ғури сифоташ расад.
Тавон дар балоғат ба суҳбон расад,
На дар кунҳи бечун субҳон расад.
Вагар солике маҳрами роз гашт,
Бибанданд бар вай дари бозгашт.
Касеро дар ин базм соғар диҳанд,
Ки доруи беҳушиш дар диҳанд.
Яке бозро дида бар духтаст,
Яке дидаҳо бозу пас сухтаст,
Касе раҳ сӯи ганҷи Қорун набурд,
Вагар бурд, раҳ боз берун набурд.
Тааммул дар оинаи дил кунӣ,
Сафои батадриҷ ҳосил кунӣ.
Магар бӯи аз ишқ мастат кунад,
Талабкори аҳди аластат кунад.
Ба пои талаб раҳ бадон ҷо барӣ,
Вазонҷо ба боли меҳнат парӣ.
Муҳол аст Саъдӣ, ки роҳи сафо,
Тавон рафт ҷуз бар пайи Мустафо.
Саъдии Шерозӣ