Вазифаҳои гӯш ва азамати Худованд
Дар гӯши мо чи нерӯе нуҳуфта аст, ки тамоми садоҳоро мешунаванд, садоҳое, ки дар камтарин дараҷи савтӣ ва овоӣ ҳастанд ва ҳам садоҳое, ки то ба ҳадди болои баландӣ ва фарёд бирасад. Ҳамаи ин садоҳоро гӯш мешунавад, бидуни онки ниёзе ба кам кардан ё афзудани нерӯи шунавоӣ дошта бошад.
Гӯш, садои ҳар касро аз дигаре ташхис медиҳад ва садои ҳар ҳайвонеро мешиносад. Садои шамолро аз садои об, ҷудо мекунад. Таронаи булбулро бо садои зоғ хато намегирад. Фарёди баччаро аз наъраи бузург, ташхис медиҳад. Садои гиряро аз садои ханда, ҷудо мекунад. Садоҳои наздикро мешиносад. Садоҳои дурро мешунавад ва бонги наздикро аз бонги дур ташхис медиҳад.
Ҳамаи ин садоҳоро бо як нерӯ ва бо як вазъ ва шароит мешунавад, дар сурате, ки агар мошине бихоҳад ҳар кадом аз ин садоҳоро дарк кунад ва хабар диҳад, бояд ҳар садоеро бо вазъи махсусе ба даст оварад, ки дар ҳамон вазъ, садои дигареро наметавонад дарк кунад ва агар бихоҳад садои дигарро бишнавад, бояд болту гайкаи онро печонида ва вазъи дигаре барои он дуруст кард то он садоро бишнавад ва хабар диҳад; дар ин сурат аз шунидани садои аввал оҷиз ва нотавон мемонад ва наметавонад онро бишнавад, магар ба ҳолати аввал боз гардад.
Ин нерӯи номаҳдудро чӣ касе ба гӯш дода аст, ки тамоми садоҳоро метавонад бишнавад? Моддаи маҳдуд, ки наметавонад нерӯи номаҳдуд дошта бошад ва диҳандаи нерӯи номаҳдуд бошад.
Пас ин нерӯи номаҳдудро мавҷуде ба гӯши мо дода аст, ки худаш моддӣ нест ва дорои нерӯҳоӣ номаҳдуд, дониши номаҳдуд ва бениҳоят аст.
Агар гӯши мо дар назари пизишкон ихтироъи бузурге бошад, агар гӯши ношунавоён падидае бузург бошад, агар ин ду дастгоҳ аз бузургии илм ва бузургии фикр созандагонашон ҳикоят кунанд, пас гӯши инсон, чигуна аз дониши бениҳоят ва қудрати бениҳояти созандааш ҳикоят накунад?!
Худованд аст, ки ин гушро ба инсонҳо дода аст ва тавре танзим кардааст ҳар ончи, ки қобили шунидан бошад, мешунавад ва онро аз дигар садоҳо ташхис медиҳад.