Пас аз 23 рӯзи таваққуф, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба шаҳри Бишкекро барқарор намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, парвозҳо аз Душанбе ба Бишкек тибқи реҷаи қаблӣ, ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг-737 анҷом дода мешаванд. «Парвози наздиктарин санаи 25-уми феврал соати 10-у 20 дақиқаи вақти маҳаллӣ сурат мегирад», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.
Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз шарҳи сабабҳои муддати зиёда аз се ҳафта мутаваққиф шудани парвозҳо ба пойтахти Қирғизистон худдорӣ намуданд.
Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тасмими мутаваққиф кардани парвозҳо ба Бишкек дар робита ба мушкилот дучор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Манас» рӯйи кор омад. «Ба иллати номуайян будани вазъ он замон ва то ба созиш расидани ҳарду кишвар, аз 29-уми январ парвозҳо ба самти Бишкек боздошта шуда буданд», - иброз доштанд дар ҳукумат.
Қобили зикр аст, ки «Тоҷик Эйр» ягона ширкатест, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон парвозҳо анҷом медиҳад. Аз ҷониби Қирғизистон ба анҷоми парвозҳо тариқи ин хатисайр ширкати ҳавопаймоии «Авиатрафик» ӯхдадор буда, ҳарчанд дар ин давра парвозҳо аз Бишкек ба Душанберо комилан боздошта набошад ҳам, вале шумори парвозҳоро аз ду то як парвоз дар як ҳафта кам карда буд ва ин амалро ба коҳиши шумори мусофирон нисбат дода буд.