Яке аз тавсияҳои пизишкӣ ва нуктаҳои саломатӣ дар дини Ислом амал ба бархе одоб дар замони хурдан ва ошомидан аст, ки имрӯз илми башарӣ ҳам ин тавсияҳоро собит карда ва пизишкони таҷрубӣ ба беморони худ анҷоми онҳоро дастур медиҳанд. Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар ба нақл аз ИСНА, аз тавсияҳои муҳими пизишкии дини Ислом тарзи ғизо хурдан ва нушидани об аст, ки ҳамаи мо инсонҳо дар фурсатҳои мухталиф бо он сару кор дорем; аз ҷумла нушидани об ба ҳолати истода дар рӯз.Дар ин бора ҳадисҳо ва равоятҳое низ аз забони мубораки бузургон  ворид шудааст.

Имом Содиқ (а) дар бораи зарарҳои  истода об ошомидан дар шаб мефармоянд: Истода ошомидани об дар рӯз ғизоро гуворо месозад ва истода ошомидани об дар шаб зардоб меоварад. Он ҳазрат ҳамчунин фамуданд: Истода ошомидани об дар рӯз мояи қудрати афзунтар ва тандурустии бештар аст.

Обро ба се нафас хурдан чи фоидае дорад?

Паёмбари худо (с) низ дар бораи фоидаҳои хурдани об ба се нафас инчунин фамуданд: Агар касе об бихурад ва дар миёни он се нафас бикашад,аз бемории бархоста аз якбора об хурдан дар амон аст. Ишон ҳамчунин мефармоянд: Обро бимакед ва онро якбора нахуред, чаро ки дарди ҷигар аз он мехезад.

Tajik.irib.ir

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст