Аз Расули Худо(с) пурсида шуд:
Ҳаққи падар бар фарзандаш чист? Фармуданд:
Инки ӯро ба ном садо назанад, пеш аз падар роҳ наравад, қабл аз падар нанишинад ва сабаби лаън ва нафрини дигарон бар падараш нашавад.”
Тибқи баёни шарифи Расули Худо(с) ишон омадаанд барои комил кардани ахлоқи неку бар мардум.
انی بعثت لاتمم مکارم الاخلاق
Сухани боло, ки ҳадиси бисёр зебо аз он ҳазрат аст низ яке аз далилҳои муҳкам бар ин иддаои ишон аст дар ҳоле, ки баъзе ашхос падар ва модарро танҳо хидматкор худ медонанд ва мегӯянд вазифаашон аст. Паёмбар(с) бо калимоти нурониашон мақоми болои падар ва модарро тазаккур дода аст ва на танҳо иҷозаи беэҳтиромӣ нисбат ба онҳоро ба мо намедиҳад балки вазифае, ки барои ҳеҷ касе аз мардум қарор дода нашударо нисбат ба волидайн барои фарзандон муайян мекунанд.
Дар ислом онқадар барои волидайн эҳтиром қоил шудаанд, ки вақте шахсе хидмати Паёмбар(с) омад ва дар ҷанг падараш дар сафи душман буд ва гуфт ман падарамро бикушам. Паёмбар(с) иҷоза надод ва фармуд агар падаратро бикушӣ бо онки мушрик ва бар зидди ислом омада аст ва меҷангад Худованд умри туро кутоҳ мекунад.
Паёмбар(с) дар инҷо ба 4 маврид аз вазифаи фарзандон нисбат ба падаронашон ишора мекунанд:
1.Ӯро ба ном садо назанад яъне ҳурмати ӯро бо ин кор нашканад ва иззат ва бузургии падарашро бо ин кор аз байн набарад.
2. Пеш аз падар роҳ наравад.
3. Қабл аз падар нанишинад.
4.Сабаби лаън ва нафрини дигарон бар падараш нашавад.
Бархе аз фарзандон корҳое анҷом медиҳанд, ки мардум падари ишонро мавриди лаън ва нафрин қарор медиҳанд.