Дар 19-умин давраи Мусобиқоти байналмилалии Қуръон ва Ҳадис, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, се намояндаи Тоҷикистон мақомҳои дуюм ва сеюмро дар риштаҳои мухталифи ин мусобиқот касб кардаанд.
Сайидсамаруддин Самадов, қорӣ ва чеҳраи барҷастаи қуръонӣ аз Тоҷикистон, мақоми дуюмро дар риштаи дуо ва муноҷотхонӣ, Нусратулло Саъдуллоев, яке дигар аз қориёни тоҷик, мақоми сеюмро дар риштаи қироат ва Файзинисо Ҳакимова, ҳофизаи Қуръон аз Тоҷикистон, мақоми сеюмро дар қисмати тартил касб карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, барандагони марҳилаи ниҳоии 19-умин Мусобиқоти байналмилалии Қуръон ва Ҳадис, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, аз сӯи ҳайъати доварони ин мусобиқот эълом гардид.
Дар риштаи қироат, Сайидмуртазо Алавӣ аз Афғонистон соҳиби мақоми аввал, Муҳаммадилёси Ахлоқӣ аз Покистон соҳиби ҷойи дуввум ва Нусратулло Саъдуллоев аз Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Дар риштаи дуо ва муноҷотхонӣ, Сайидмуҳаммади Олиҳасан аз Арабистони Саудӣ соҳиби мақоми аввал, Сайидсамаруддин Самадов аз Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуввум ва Сайидаҳмади Амирӣ аз Афғонистон соҳиби ҷойи саввум шуданд.
Дар бахши хоҳарон ва дар қисмати тартил, Солеҳа Шарифӣ аз Афғонистон соҳиби ҷойи аввал, Зайнаб Нақш аз Ироқ соҳиби мақоми дуввум ва Файзинисо Ҳакимова аз Тоҷикистон соҳиби мақоми саввум шуданд.
ба иттилоъ мерасонад дар ин мусобиқот қориёну ҳофизони қурънӣ аз 70 кишвар ширкат доштанд.