Ба номи Худо
Зи Аҳмад то Аҳад як мим фарқ аст,
Ҷаҳоне андарин ин як мим ғарқ аст.
Яқинан мими Аҳмад мими ҳастист,
Ки сармаст аз ҷамолаш чашми ҳастист.
Зи Аҳмад ҳар ду олам обрӯ ёфт,
Даме хандиду ҳастӣ рангу бӯ ёфт.
Агар Аҳмад набуд Одам куҷо буд?
Худоро ояи муҳкам куҷо буд?
Чи мепурсанд, к-ин Аҳмад кадом аст,
Ки зикраш лаззати шурби мудом аст.
Ҳамон Аҳмад, ки овозаш баҳор аст,
Далели хилқати лайлу наҳор аст.
Ҳамон Аҳмад, ки фарзанди Халил аст,
Қиёми бутшиканҳоро далел аст.
Ҳамон Аҳмад, ки сатторулуюб аст,
Далели роҳу алломулғуюб аст.
Ҳамон Аҳмад, ки ҷомаш ҷоми ваҳй аст,
Ба дасташ зулфиқори амру наҳй аст.
Ҳамон Аҳмад ,ки хатмуланбиё шуд,
Ҷаноби кунту канзан махфиё шуд.
Ҳамон аввал, ки инҷо охир омад,
Ҳамон ботин, ки бар мо зоҳир омад.
Ҳамон Аҳмад, ки сармастон сармад,
Бихонандаш Абулқосим Муҳаммад(с)
Муҳаммад миму ҳову миму дол аст,
Тадорукбахши адлу эътидол аст.
Муҳаммад раҳматуллилоламин аст,
Кароматбахши сад руҳуламин аст.
Муҳаммад поку шаффофу зулол аст,
Ки миръоти ҷамоли зулҷалол аст.
М.Оғосӣ