Рӯзе буду рӯзгоре буд. Як марди гадо буд, Мирзогадо ном дошт. Ӯ ба гадоӣ одат карда буд ва ҳеҷ вақт тан ба кор намедод. Чаро гадоӣ мекард? Охир ӯ вақте писараки даҳсола буд, шогирди оҳангар буд ва рӯзе даҳ сум музд мегирифт. Номаш ҳам Мирзоҷон буд.
Як рӯз Мирзоҷон кӯзаро бардошту барои овардани об рафт.
Кӯза дар миёни роҳ аз дасташ афтоду шикаст. Мирзоҷон тарсид, ки агар дасти холӣ ба оҳангархона баргардад усто ӯро сарзаниш мекунад. бино бар ин ҳамонҷо дар канори кӯча нишасту гиря кардан гирифт.
Пирамарде, ки аз роҳ мегузашт дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт ва ба ӯ як сум доду гуфт: Бачаҷон гиря накун! Писарак гуфт: Бубахшед. Ман гадо нестам. Кӯза ҳам аз оҳангар аст. Пирамард гуфт: Хуб, айбе надорад. Ту бо ин пул як кӯза бихар, ки устои оҳангар туро даъво накунад. Нархи кӯза ҳам як сум аст. Пирамард пулро доду рафт.
Писарак ҳанӯз нишаста буд, ки як пиразан омад ва кӯзаи шикастаро дид. Ӯ ҳам дилаш сӯхт ва як сум доду гуфт: Писарам бирав як кӯзаи нав бихар.
Ҳоло писарак пули ду кӯза дошт, вале як каси дигар омад ва ба ӯ ҳам як сум ва ҳам як тика нон дод. Ҳамин тавр дигарон ҳам, ки аз пеши ӯ мегузаштанд ба ӯ кӯмак мекарданд.
Писарак дид аз субҳ то шаб дар дукони оҳангарӣ кор мекунад ва даҳ сум мегирад, вале ин ҷо дар муддати як соате, ки нишаста аст бист сум ба даст оварда аст. Дар ин ҷо дигар устои бадахлоқ ҳам нест.
Нисфи рӯз шуда буд, ки зани ҳамсояи обанбор ҳам аз хонааш берун омад ва кӯзаи шикастаро дид. Баргашт ва аз хонааш як кӯзаи нав овард ва писарак доду гуфт: Бархезу кӯзаро пури об кун ва ба сари корат бирав. Ҳар миқдор, ки ин ҷо бишинӣ фоида надорад. Писарак гуфт: Охир дер шудааст ва устои оҳангар маро даъво мекунад. Зани ҳамсоя гуфт: Ман меоям ва ба усто мефаҳмонам.
Ҳамроҳи Мирзоҷон омад ва ба устои оҳангар гуфт: Устоҷон! Ин бача гуноҳе надорад. Навбат дар обанбор зиёд буд. Кӯзаҳои зиёде ҳам мешиканад. Ин дафъа ӯро даъво накун. Баъд аз ин бештар диққат мекунад. Усто гуфт: Майлаш. Аммо вақте зан рафт, устои оҳангар ба Мирзоҷон гуфт: Бубин писар! Вақте кӯза шикаст бояд зуд бармегаштӣ ва мегуфтӣ, ки кӯза шикаст, на ин ки аз ман бадгӯӣ кунӣ ва аз мардум кӯза гадоӣ кунӣ. Ман шогирде, ки обрӯи маро мебарад намехоҳам. Аз ҳамин ҳоло даҳ сум муздатро бигиру аз ин ҷо бирав. Агар гадо набудӣ чизе аз мардум намегирифтӣ.
Писарак дид, ки дигар наметавонад сухане бигӯяд, бист суме ҳам, ки мардум дода буданд дар кисааш ҳаст, аз оҳангархона берун омад ва каме дар канори кӯча истоду фикр кард. Бо худ гуфт: Аввал биравам он кӯзаи шикастаро ҷамъ кунам, ки пеши хонаи он зан тоза шавад. Омад ва кӯзаи шикастаро ҷамъ кард ва дид агар ба хона биравад моиндараш ҳам ӯро даъво мекунад, ки чаро бекор шудӣ. Ба кӯчаи дигар рафт ва кӯзаи шикастаро канори девор гузошт ва пеши он нишаст ва гуфт: Як фол бигирам. Бубинам бояд ба хона биравам ё не.
Рӯи замин худ чанд то хат кашид ва гуфт: Номи якеро хуб ва дигареро бад мегузорам. Агар бо хуб тамом шуд меравам, вале агар бо бад тамом шуд сабр мекунам. Фоли хубу бад гирифт. Дид бад аст. Гуфт: Сабр мекунам, то бубинам чӣ мешавад.
Нишаста буд, ки як мард омад ва пурсид: Кӯза аз чӣ касе буд, ки шикаст. Гуфт: Аз устои оҳангар буд. Рафтам, ки об биёрам шикаст. Он мард ҳам ба ӯ як сум дод ва гуфт: Ҳоло бирав як кӯзаи нав бихар.
Он рӯз шаб шуд. Ва Мирзоҷон бо тарс ба хона рафт ва аз бекор шуданаш чизе нагуфт. Фардо ҳам суроғи кӯзаи шикаста рафт. Бо ин тартиб ба гадоӣ одат кард.
Мардум ӯро гадо карданд. Ҳеҷ кас ба хотири савоб ба ӯ савод ёд надод, ки босавод ва бошахсият шавад, вале барои савоб ба ӯ як сумӣ медоданд ва ӯро муфтхӯр карданд, ки гадоӣ кунад ва гадо шавад.
Ҳуши одам ҳам дар ҳар роҳе, ки биафтад дар ҳамон роҳ пеш меравад. Яке санъатгар мешавад ва ихтироъ мекунад, яке дар гадоӣ ҳиласозӣ мекунад. кӯдаки кӯзашикан кам-кам ёд гирифт, ки ҳар чӣ бештар фақир ва бечора ба назар биёяд мардум бештар кӯмак мекунанд, то бечора ва гадо бимонад.
Ҳар рӯз ҳилае кард, то бештар бадбахтар ба назар биёяд. Дасту пояшро чулоқ кард, либосҳояшро хоколуд кард, беҳуш шуд ва ҳазор найранги дигар кард, то пули бештар аз мардум бигирад. Пас аҷаб набуд, ки солҳои сол гадо монд ва тан ба кор намедод. Аз ин хел зиндагӣ хушаш омада буд. Мирзоҷон шуда буд Мирзогадо. Ин гузаштаи Мирзогадо буд.
Аммо ҳодисае рух дод ва Мирзогадо ба усто Мирзо тағйир кард. Дар қисмати баъд онро мехонем.