Чаҳоршанбе, ифтитоҳи 25-УМИН НАМОЙИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ-ТЕҲРОН бо ҳузури Раиси ҷумҳур ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷ.И.Эрон

Бар асоси тақвими баргузории ин намойишгоҳи солона, қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи ҳамин ҳафта, бо ҳузури ҷаноби Маҳмуди Аҳмадинажод ва Вазири иршоди Ҷ.И.Эрон дар Теҳрон, маросими расмии ифтитоҳи ин намойишгоҳ баргузор гардад.

Намоишгоҳи Китоб, як маросими намодин ва фуруши густардаи китоб аст, ки ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷ.И. Эрон баргузор мегардад. Имсол 25-умин давраи ин намоишгоҳ хоҳад буд.

Дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои чоп ва нашр, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ситодҳо ва гурҳҳои қуръонӣ ва пажуҳишӣ ва даҳҳо ношир ва муллифон аз саросари ҷаҳон маҳсулоти нав ва тозаи худро ироа менамоянд ва боздидкунандагон озодона метавонанд китобҳои мавриди ниёзи худро таҳийя намоянд.

НУРИ ТОҶИКОН

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст