Паёми президенти Ҷ.Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳман хитоб ба намояндагон (порлумон).

Бар асоси иттилоъи сомонаи хабараии президент.тҷ, рӯзи ҷумъа 20/4/12 паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, ки дарбаргирандаи масоили дохилӣ ва хориҷӣ мебошад, барои намояндагони миллат қироат гаштааст.

Бар асоси гузориши сомонаи наҳзат.тҷ ин паём шомили 13 ҳазор калима мебошад, ки дар давоми дувуним соат ба истимоъи намояндагон расонда шуд.

Бар асоси ҳамин гузоришҳо, намояндагони маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон баъд аз шуруъи расмии иҷлосияи якҷоягӣ, ба кохи Эмомалӣ рафтанд, то паёмро истимоъ намоянд.

Шояд битавон ин паёмро яке аз нодиртарин паёмҳое ба ҳисоб овард, ки як раиси ҷумҳур барои намояндагони мунтахаби мардум баён мекунад ва дар дарозтарин муддатзамон, бо бештарин матн ва вожа барои онҳо қироат мегардад.

Албатта раисҷумҳурони кишварҳое ҳамчун Кубо ва Венезуелло ҳам аз ҷумла касоне ба ҳисоб мераванд, ки дарозтарин суханрониҳоро доранд, аммо дарозтарин паёми навишторӣ ва қироати онро акнун метавон ба раис ҷумҳури Тоҷикистон мутааллиқ донист.

Шояд битавон гуфт, дарозтарин паёми навишторие, ки қироат гашта ВАСИЯТНОМАИ ИМОМ ХУМАЙНӢ - беш аз 22 сол қабл - метавонад бошад.

Он васиятнома дар 23 сафҳа ва дар як замон -тавассути Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари кунунии Эрон- дар ҳузури олимони динӣ қироат гаштааст ва албатта он паём ва васиятнома аз он ҷиҳат, ки нависандааш раҳбарии милёнҳо мусалмонро бар уҳда дошт ва дар муқобил душманони золим ва истиъморгари зиёде ҳузур доштаанд ва ҳоло фавт карда буд, аз аҳамийяти зиёде бархурдор будааст.

Аммо дар инҷо нигоҳе хоҳем дошт ба назароти баъзе аз коршиносон, ки нисбат ба паёми Эмомолӣ Раҳмон иброз доштаанд ва сомонаи наҳзат.тҷ онро нашр намудааст.

Бо орзӯи ободонӣ ва сарбаландии миллати азизи Тоҷикистон

матни паёми Эмомалӣ Раҳмон ИНҶО

 

наҳзат.тҷ - ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ АЗ НАЗАРИ КОРШИНОСОН

Мижгона Ҳалимова

21.04.2012, 03:10

Р. Мирзо: «Дар пайём паҳлӯҳои муҳимтарини мушкилоти давлат ва роҳҳои ҳалли он инъикос наёфтанд

С. Ҳусайнӣ: Қиёс кардани вазъи имрӯза ба Шуравӣ менталитети инсони шуравист

А. Раҷабализода: Дар пайём ягон навгонии ҷиддӣ вуҷуд надошт

Завқибек Солеҳ: Мехостам аз ҳама бештар масъалаи муҳоҷират баррасӣ мешуд

Рӯзи ҷумъаи 20-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон пайёми солонаи худро ба порлумони кишвар пешкаш кард. Ин пайём, ки матни аслияш иборат аз беш аз 13 ҳазор калима мебошад, беш аз дувуним соат давом кард ва дар он аз масоили дохиливу хориҷӣ, бахусус «дастовардҳо»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт. Ҳар нафар мутобиқ ба дид ва ҷаҳонбинияш аз ин пайём таассурот ва бардошт дорад. Мо назари чанде аз коршиносон ва рузноманигоронро дар ин бора гирифтем, ки инак онро пешкаши Шумо мегардонем.

Р. Мирзо: «Дар пайём паҳлӯҳои муҳимтарини мушкилоти давлат ва роҳҳои ҳалли он инъикос наёфтанд»

Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Бозтоб" мегуяд: «Пайёми имсолаи Президенти Тоҷикистон дар шароити бисёр ҳассоси сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ироа шуд. Аз ин хотир, мо умед доштем, ки дар он бештар ба ҳамин нуқтаҳо таваҷҷӯҳ мешавад, бахусус, вақте сиёсати хориҷии Тоҷикистонро, ки аз соли 2006 то ин замон як қатор таҳлилгарон муваффақона арзёбӣ мекарданд, дар соли равон он ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Бубинед, таи се соли ахир ҳарорати муносиботи Ҳукумати Тоҷикистон бо Русия номаълум аст, ки ба сӯи гармист ва ё сардӣ. Ин бештар ба калавандагии марказҳои қабули қарор дар ҳарду кишвар бастагӣ дорад, ки гуё намедонанд аз ҳам чӣ мехоҳанд. Ахиран, чанд рӯз пеш аз ироаи пайёми худ, ҷаноби Раҳмон зимни ифтитоҳи филиали як донишгоҳи Русия дар Душанбе хеле гилаҳо ҳам кард. Аммо ахиран дар пайёми худ Русияро боз ҳам шарики стратегии худ хонд. Вале ман гумон надорам, ки ин охири кор бошад...»

Дар бораи моҷарои Ӯзбекистон ва дар масъалаи алоқа ба ҷаҳони Ғарб, ҷаноби Р. Мирзо мегуяд: «Муносибат бо Ӯзбекистон низ таи чанд моҳи ахир ба авҷи худ расидааст. Аммо Президент танҳо бо ишораҳо дар бораи ин муносибот гуфтугӯ мекарду мушаххасан аз он ном набурд. Ин маънои онро дорад, ки дар равобити байни ду кишвар ҳанӯз тафоҳум ҳосил нашудааст ва ё онҳо ба созишҳои ҳосилшуда чандон эътимод надоранд. "Ғарбгаро" шудани Тоҷикистон, он тавре бархе аз коршиносони рус ишора мекарданд, дар пайёми соли равон ҷой надошт. Ҳатто мо надидем, ки номи кадоме аз кишвархои ғарбӣ зикр шуда бошад. Гумон намекунам, ки чунин вазъро дар ин кишварҳо бедард қабул кунанд.»

Ҷаноби Р. Мирзо меафзояд: «Дар бораи сиёсати дохилӣ низ зимни ироаи пайём ягон паҳлӯи стратегӣ ишора нашудааст. Масалан, президент ишораҳое ба бӯҳрони пешомадаи молиявии ҷаҳон ишора мекарду дар айни замон мутмаин аст, ки нишондодҳои иқтисодӣ дар соли пешорӯ беҳтар аз солҳои қаблӣ хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз коҳиш додани навъҳои зиёди андоз ва тағйир ба Кодекси андоз суҳбат мекард, аммо намегуфт манбаъҳои иловагии пуркунии буҷаи давлатӣ аз кадом ҳисоб хоханд буд. Шояд аз ҳисоби 15% кам кардани кормандони сохторҳои давлатӣ? Вале, тавре медонем, дар сохторҳои давлатӣ чандон маоши баланд намегиранд, аз ин рӯ гумон аст, ки аз ин ҳисоб дар соли буҳронзо тавон дошта бошем пешрафтҳоеро бидуни пайдо кардани манбаъҳои нави даромади буҷа ҳосил намоем. Ба ғайри ин, он тавре дар пайём ҳам ишора шуд, имсол Тоҷикистонро ду ҷашни дигар интизор аст ва хеле хуб медонем, ки барои чунин маъракаҳо чӣ қадар маблағҳои буҷавиву ғайрибуҷавӣ масраф мешаванд. Пас эҳтимол ҳукумат барои ислоҳоти идорӣ аз ягон созмон ё мамлакат маблағҳои грантӣ дарёфт кардааст?!»

Р. Мирзо дар интиҳои суханаш, хулосабардорӣ карда, гуфт: «Хулоса, пайёми сарвари давлат бояд паҳлӯҳои мухимтарини мушкилоти як давлат ва роҳҳои ҳалли онро дар худ инъикос кунад, ки инро мо дар пайёми 13 -умини ироакардаи Раҳмон ҳам шоҳид нашудем...»

С. Ҳусайнӣ: Қиёс кардани вазъи имрӯза ба Шуравӣ менталитети инсони шуравист

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар ин маврид гуфт: «Бештари масоили кишвар, дар ин паём баррасӣ карда шуд, аз ҷумла камбудии барқу газ ва баъзе мушкилиҳои иқтисодӣ. Бо вуҷуди оне, ки як миқдор камбудиҳои ҷомеа дар паём гуфта шуд, аммо масъалаи бӯҳроншавии вазъият ба шакли дуруст баррасӣ нашуд. Чун имрӯз кишвари мо дар бӯҳрони дохиливу хориҷӣ гирифтор аст, мо умед доштем, ки ин масъала баррасӣ мешавад. Инчунин, дар беҳтар кардани муносибати ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ягон барномаи амалӣ пешкаш нашуд.»

Дар бораи нишон додани «дастовардҳо» дар соҳаҳои мухталиф аз тариқи муқоиса кардани вазъи феълӣ бо замони Шуравӣ, ки дар пайём чанд бор зикр гардид, ҷаноби Ҳусайнӣ мегуяд: «Ин як миқдор аз менталитети шӯравӣ мерос мондааст, ки дар ҳамон замон ҳама сола пешрафти мамлакатро дар ҳама соҳаҳо ба соли 1913 қиёс мекарданд. Ҳоло бошад, ки ин мерос аз ҳамон замонҳо мебошад. Ҳамин тавр, вазъи имрӯзаро бо 20 сол пеш қиёс мекунанд, яъне духтур ё роҳкиро инқадар буд, ҳоло бошад инқадар шудааст».

А. Раҷабализода: Дар пайём ягон навгонии ҷиддӣ вуҷуд надошт

Алишер Раҷабализода, хабарнигори ҷавон гуфт: «Дар паёми раисҷумуҳур ширкат надоштам, вале тавре, ки аз ВАО иттилоъ пайдо намудам, дар он ягон навгонии ҷиддӣ нашудааст. Қисми зиёди вақти ин паём бо суханҳое, ки дар ҳамаи баромадҳояш мегуфт, бо ҳамин гуна суханҳо гузашт, яъне такрор. Он интизорие доштем шояд ки Президент ҷиҳати рушди устувори иқтисоди кишвар ягон пешниҳоди вижае мекунад, мутаассифона ба назар нарасид».

Завқибек Солеҳ: Мехостам аз ҳама бештар масъалаи муҳоҷират баррасӣ мешуд

Дар ин ҳол, хабарнигори дигар, Завқибеки Солеҳ гуфт: «Паёми навбатии Президент дар соли таҷлили ду санаи муҳим барои Тоҷикистон, яъне бистсолагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва понздаҳсолагии рӯзи «Ваҳдати миллӣ» пешкаш гардид. Ман мехостам дар паём аз ҳама бештар масъалаи муҳоҷират баррасӣ мешуд. Бубинед, дар ин ҷаласа ҳама либоси идона ба тан доштанд ва масъалаи муҳоҷират то ҷое паси парда монд. Дар ҳоле, ки муҳоҷирон дар соли гузашта аз буҷаи давлат дида маблағи бештар равон карданд.»

Ӯ дар идома баён дошт: «Ман фикр мекунам, ки хуб мешуд чун маблағи даромади муҳоҷирон аз буҷаи давлат бештар аст, бештар рӯи ин масъала тамаркуз мешуд. Ва барномаҳое барои беҳбуди зиндагӣ ва шароитҳое дар ватан барояшон фароҳам оварда мешуд. Махсусан дар ин фасл, ки фасли кӯчидани муҳоҷирон ба Русия аст ва ҳамасола маблағи ҳавопаймову қатора зиёд шудан дорад, дар ин бора чизе гуфта нашуд.»

бознашр аз nahzat.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст