
Имсол ҳам миллати шуҷоъу адолатхоҳи Эрон монанди солҳои гӯзашта, бо инсиҷому ифтихор ва ҳузӯри миллионии дӯшманшикани хӯд рӯзи 22 баҳман(11 феврал), яъне рӯзи 47-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии хӯдро ҷашн гирифтанд.
Тафовути имсоли ин ҷашни солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо солҳои дигар дар ин буд, ки имсол ин ҷашн дар миёни таблиғоти маъюскунандаи дӯшманон, таҳримҳо, мушкилоти сахти иқтисодӣ ва фитнаю таҳдидҳои низомии Амрикою Исроил ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва ҳавои сарди зимистонӣ баргӯзор гардид. Ҷашни 22 баҳмани имсол бо истиқболи беназир ва ҳузӯри пуршӯру гарми мадӯми Эрон аз ҳар қишру гурӯҳҳо гирифта то адёну мазоҳиби гуногун анҷом гирифт.
Ба эътирофи расонаҳои хориҷӣ, ҳузӯри бошукӯҳ ва камназири миллати Эрон дар ҷашни 47-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ва такрору дар даст доштани шиъорҳои асили инқилоби исломӣ дар соли 1979 гӯвоҳ бар пойбандӣ ва алоқамандии Эрониён ба низому инқилоби исломиашон аст. Яъне натанҳо дар ин муддати 47 сол бовару алоқаи Эрониҳо нисбат ба инқилобу низомашон кам нашуда аст, балки ҳамчунон мустаҳкамтару побарҷо боқӣ монда аст. Бинобарин ба гӯфтаи бархе аз оноҳо, таблиғоти расонаҳои рақиб ва муҳосиботи дӯшманони инқилоби исломии Эрон нисбат ба мардӯми Эрон нодурӯсту заъиф ва аз воқеъият дӯр мебошад.
Миллати Эрон дар ин ҷашн ва роҳпаймоии бузӯрги хӯд бар ормонҳо ва арзишҳои инқилоби исломӣ, байъату пайравӣ аз раҳбари муаззами инқилоб, ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ эълони вафодорӣ ва таъкид намуданд ва аз истикбору дӯшманони инқилоби исломӣ ба хусӯс Амрикою Исроил эълони нафрат ва дӯрӣ ҷустанд. Дар баёнияашон ҳӯшдор доданд, ки агар Амрико ҷангро оғоз кунад, ҷанг маҳдуд ба Эрон нахоҳад буд, балки минтақаӣ хоҳад шуд ва манофеъу пойгоҳҳои онҳоро дар минтақа аз байн хоҳад бурд.
Ба ҳар ҳол миллати огоҳ ва адолатхоҳи Эрон бори дигар бо ҳузӯри ҳамосӣ ва инқилобии хӯд тамоми нақшаю тавтеъаҳои шуми пинҳону ошкори дӯшманони дохилию хориҷии ҷумҳурии исломии Эронро нақши бар об намуданд ва аз байн бурданд ва ҳамоса ифтихороти дигареро бар саҳфаи таърихи инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон афзӯданд. Ҳамчунин миллатҳои мазлӯму озодихоҳи ҷаҳонро шоду умедвор карданд ва бар ҳимоят ва дифоъи аз мустазъафони олам бахусӯс мардӯми бедифоъи Фаластин таъкид карданд.
Дар поён низ ба чандин тасвир аз ҳузӯри бошукӯҳ ва дӯшманшикани мардӯми қадршиносу адолатхоҳи Эрон дар ҷашни 47-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломиашонро хидмататон тақдим менамоем.




































