
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 28 январ, бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин кишвар хостори ҳаллу фасли мусолиматомези тамоми ихтилофоти миёни Эрон ва Амрико аз тариқи роҳҳои депломатик аст ва ҳаргӯна иқдоми низомиро мухолифи усули байналмилалӣ медонад.
Дар ин баёния омадааст, ки вазъияти ховари миёна дар паи афзоиши танишҳо миёни Амрико ва Эрон, ҳӯшдорҳои мутақобили ду тараф, фиристодани нерӯҳои низомӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ аз сӯи Вашингтон ва омодабоши нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ҳамчунон муташаниҷ ва нопойдор боқӣ монда аст.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид карда аст, ки ин кишвар мухолифи ҳаргӯна иқдоми низомӣ аст ва танҳо роҳи ҳали мунозеъотро роҳҳои депломатик ва музокира медонад.
Тоҷикистон аз тамоми тарафҳо хоста аст, ки бо риъояти усули маншури созмони милал ва меъёрҳои ҳуқӯқи байнамилал барои ҳифзи сулҳ ва суботи минтақа талош кунанд.
Бар асоси гӯзоришҳои осиёплюс, Тоҷикистон тоҳол танҳо киваре дар минтақаи осиёи марказӣ аст, ки мавзеъи расмии хӯдро дар бораи танишҳои ахири миёни Вашингтон ва Теҳрон эълом карда аст, дар ҳоле ки кишварҳои минтақа тоҳол сукут ихтиёр кардаанд.
Шак накунед ҳамватанон, ки ин хӯн ва решаи Форсӣ доштан аст, ки инсонҳоро дар баробари бегонагон ба нангу номус меоварад ва намегӯзорад, ки дар чунин шароите сокиту бетараф бимонанд......