
Ба гӯзориши хабаргӯзории исно, вазири умури хориҷаи Эрон, ҷаноби оқои Саидаббоси Ироқчӣ рӯзи 23 январ дар шабакаи иҷтимоъиаш, дар посӯх ба найранг ва стандартҳои дугонаи ғарбиҳо дар мавриди эътирозот ба муъовини раисҷумҳури Амрико омори хасорат, вайрониҳо ва талафоти амалиёти терористии ахир дар ҷумҳурии исломии Эронро чунин баён кард:
305 дастгоҳ амбулонс(мошини ёрии таъҷилӣ) ва автобус
24 ҷогоҳи сӯхт(бензин)
700 фурӯшгоҳи хӯрокворӣ
300 хонаи истиқоматии шахсӣ
750 банк
414 сохтмони давлатӣ
749 калонтарӣ(идораи пулис)
120 маркази басиҷ
200 мактаб ва маркази омӯзишӣ
350 масҷид
15 китобхона
2 калисо
253 истгоҳи автобус
600 дастгоҳи хӯдпардози(пулпардози) банк
800 дастгоҳ хӯдру ва мошини шахсӣ
3117 нафар ҷамъи кушташудагон
2427 нафар шаҳрвандону нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ
690 нафар терористҳои ҳалокшуда
Ногӯфта намонад, ки ин ҳодисаи терористӣ ва ошӯби вайронгар, шаби панҷанбе ва ҷумъа яъне 8 ва 9 январи соли 2026 дар Эрон ба василаи авомили бегона ва сервисҳои Амрикою Исроил, бо истифода аз эътирозҳои мусолиматомези иқтисодии мардӯми Эрон аз тариқи муздуронашон бо силоҳи сард ноамнӣ ва кушторҳоеро аз мардӯми оддӣ гирифта то нерӯҳои интизомӣ ва оташ задани масҷидҳою маконҳои умуӣ ва давлатӣ анҷом гирифт.
Ҳадафи дӯшманони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз байн бурдани кишвари Эрон ва ҳукумати исломӣ буд, ки муваффақ нашуданд. Хӯшбахтона бо ҳӯшёрии мардӯми шуҷоъ ва мусулмони ҳамеша дар саҳнаи Эрон решаи ин фитнаи печида ва мураккаб хӯшконда шуд ва ин бор мушти маҳкаме боз бар даҳони Амрикою Исроил ва дӯшманони Ҷумҳурии Исломии Эрон зада шуд. Теъдоди зиёде аз лидер ва саркардагони ин ҳодисаи терористӣ бо ҳӯшёрии мардӯм ва нерӯҳои интизомӣ боздошт шуданд, теъдоде ҳам терорист, ки аз хориҷи марзҳо ворид шуда буданд, кушта шуданд.
Ҳадафи дӯшманони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз байн бурдани кишвари Эрон ва ҳукумати исломӣ буд, ки муваффақ нашуданд. Хӯшбахтона бо ҳӯшёрии мардӯми шуҷоъ ва мусулмони ҳамеша дар саҳнаи Эрон решаи ин фитнаи печида ва мураккаб хӯшконда шуд ва ин бор мушти маҳкаме боз бар даҳони Амрикою Исроил ва дӯшманони Ҷумҳурии Исломии Эрон зада шуд. Теъдоди зиёде аз лидер ва саркардагони ин ҳодисаи терористӣ бо ҳӯшёрии мардӯм ва нерӯҳои интизомӣ боздошт шуданд, теъдоде ҳам терорист, ки аз хориҷи марзҳо ворид шуда буданд, кушта шуданд.
Дар ҳоли ҳозир бо ҳамкории мардӯми ватандӯст ва давлати хидматгӯзор амнияту оромиш дар Эрон барқарор шуда аст. Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар баёноти ахираш таъкид карданд: Дурӯст аст миллати Эрон Амрикоро шикаст дод, вале ин кофӣ нест. Мо дар паи ҷанг нестем, аммо муҷримони дохилӣ ва хориҷии онҳоро(Амрикою Исроилро) раҳо намекунем.
Ин фитнаи ахири Амрикоӣ-Исроилӣ дар Эрон саросемагӣ ва муҳосиботи нодурусти ғарбиҳоро ошкор кард, ки ҳамон сиёсат ва идомаи муборизаи ҷабҳаи муқовимат дар Фаластину Лубнону Яману Сурия аст, ки рангу суръати тозае мегирад. Якатозӣ ва зӯргӯи ғарбиҳо қавонини байналмилалиро ба таътилӣ кашонда аст, ки ин ноамниҳо ва ҷангҳо натанҳо ба зарари дигарон ва пирӯзии ғарбиҳо тамом мешавад, балки домани саркардагони ин ноамниҳоро хоҳад гирифт. Медонед чаро?
Чунки ғарбиҳо фарзандони Салмону Фирдавсию Саъдиро ҳанӯз хӯб нашинохтаанд ва намефаҳманд бо чӣ миллате даргир мешаванд, ки онҳо ҳамеша дар таърих адолатдӯсту қаҳрамонанд ва шикаст барои онҳо маъно надорад.
Таърих гувоҳ аст, ки қавми Форс дар авҷи тавоноӣ ва қудрат ҳам бошад, ба касе зӯлм намекунад ва ҳеҷ кишвареро намегирад ва нобуд намекунад. Балки ҳамеша тарафдори гӯфтугӯ, мантиқ ва мазлӯму нотавон буда аст ва зидди золимону зургӯён то ҳол боқӣ монда аст, ки мо инро дар дӯнё мебинем. Ин шиносномаи таърихӣ ва ҷомеъашиносии Форсҳост, ки рақибонашон то имрӯз ҳасодат меварзанд.
Дигар мо чӣ кор кунем ва аз дастамон чӣ меояд, Пайғамбари Акрам(с) шуҷоъат, саховат, меҳрубонӣ, бономусӣ, адолатдӯстӣ, илмдӯстӣ, исломдӯстӣ ва инсондӯстии Форсҳоро башорату хабар дода аст, ки инҳо қуллаҳои пешрафт, илм ва иззатро фатҳ мекунанд ва мубориза ва ҳасодат бо ин қавм бад ва хӯдкӯшӣ мебошад. Аммо дӯшманонашон намефаҳманд ва зӯри беҳуда мезананд ва хӯдашонро нобуд мекунанд на Форсҳоро.