
Бо гӯзашти ҳафтаҳо аз ҳамлаҳои сахти мушакӣ ва паҳподии Эрон ба марказҳои низомии Исроил, як мақоми низомии ин режим ба таври эҳтиёт ба як қисме аз воқеиятҳои ин ҳамлаҳо эътироф кард.
Ба гӯзориши Ройтерз, пас аз ҳафтаҳо радкунӣ ва пинҳонкорӣ, як мақоми низомии Исроил ҳарчанд бо тарзи маҳдӯд ва қатрачаконӣ, дар ниҳоят эътироф кард, ки дар ҷараёни посӯхи мушакӣ ва паҳподии Эрон дар ҷанги 12-рӯза, шуморе аз пойгоҳҳои низомии ин режим ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ройтерз навиштааст, ки «ин аввалин бор аст, ки Тел-Авив ба осеб дидани зерсохтҳои низомии хӯд дар ҳамлаҳои Эрон эътироф мекунад». Ин мақоми низомӣ бидуни ифшои номаш ба хабаргӯзории Ройтерз гӯфт: «Теъдоди хеле каме аз пойгоҳҳои низомӣ ҳадаф қарор гирифтанд, вале ҳанӯз фаъоланд». Бо ин вуҷӯд, Ӯ аз баёни ҳар гӯна ҷузъиёт ва макони дақиқи ин пойгоҳҳо ё миқдори зарари расонидашуда хӯддорӣ кард.
Режими Исроил пештар дар мавқеи таблиғотӣ иддаъо карда буд, ки системаҳои дифоии он тавонистанд аксари мушакҳо ва паҳподҳои эрониро пайгирӣ ва раҳгирӣ кунанд. Аммо эътирофи нав аз дохили сохтори низомии ин режим нишон медиҳад, ки зарбаҳои Эрон дар посӯх ба таҷовӯзи ҳавоии Исроил, аз даъвоҳои расонаӣ бештар буданд. Ройтерз навиштааст, ки дар ҷараёни он ҳамлаҳо, Эрон дар чанд мавҷи пай дар пай, манотиқи ҳассос дар шаҳрҳои пурҷамъияти Тел-Авив, Ҳайфо ва минтақаи Бирсабаъро ҳадаф қарор дод; манотиқе, ки ба навиштаи Ройтерз марказҳои зиёди зерсохтҳои низомии Исроил мебошанд.
Манбаъҳои расмии Исроил иддаъо кардаанд, ки дар натиҷаи ин ҷанги 12-рӯза, 28 нафар аз ҷумла як сарбоз кӯшта шуданд. Ин иддаъо дар ҳоле аст, ки манбаъҳои зиёд дар Исроил эътироф кардаанд, ки омори талафоти ин режим бештар аз шумораи расмии эълоншудаи кӯшташудагон аст.
Бояд гӯфт, ки ин маълумот бо иҷозати Идораи сенсураи артиши Исроил нашр шудаанд; ниҳодие, ки расман бар нашри хабарҳои марбут ба ҳамлаҳо, ҷойи расидани мушакҳо, зарари инфрасохториву низомӣ ва ҳатто тасвирҳо ва видеоҳои сабтшудаи ҳамаи сионӣҳо назорати комил дорад. Он чи дар гузоришҳо омадааст, эҳтимолан танҳо як қисмати хурди воқеият аст ва зиёда аз ин зарарҳо, махсусан дар соҳаҳои амниятиву низомӣ, ҳанӯз аз чашми омма пинҳон мондаанд.
Чанд рӯз пеш низ рӯзномаи англисии Телеграф ошкор кард, ки бар асоси додаҳои радарӣ, дар ҳамлаҳои Эрон панҷ маркази низомии Исроил бо муваффақият ҳадаф қарор гирифтаанд. Ба навиштаи Телеграф, гӯзоришҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки панҷ муассисаи низомие, ки қаблан гӯзориш нашуда буданд, бо шаш мушаки эронӣ дар шимол, ҷануб ва маркази Исроил, аз ҷумла як пойгоҳи ҳавоӣ калон, як маркази ҷамъоварии маълумот ва як пойгоҳи логистикӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ба иқрори коршиносон ва таҳлилгарони Исроилӣ, бо вуҷӯди мизони сензураи шадид дар Исроил, дар мавриди харобӣ ва хасоратҳои ҳамлаҳои Эрон хеле зиёд ва гӯстарда аст. Мақомоти режими саҳюнистӣ барои ҳифзу риъояти ҳоли умумӣ ва пешгирӣ аз ваҳшату воҳима, иттилоъоти марбут ба харобӣ ва хасоратҳои ҷонӣ ва молиро бисёр маҳдӯд кардаанд.
Расонаҳо зери назорати шадид қарор доранд ва гӯзоришҳои мустақил маъмулан саркӯб ё филтр карда мешаванд. Ин сензура боис шудааст, ки маълумоти дақиқ дар бораи таъсири воқеии ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ба сахтӣ дар дастраси умум қарор гирад.
Ба бовари коршиносон, бо вуҷӯди сенсураи артиши Исроил ва фишорҳои роҳбарони режими саҳюнистии Исроил, бо гӯзашти замон, ҳақоиқ ва ҷузъиёти бештаре аз вайрониҳо ва харобиҳои воқеии ҳамлаҳои Эрон ошкор хоҳанд шуд.
Созмони сензураи низомии артиши режими саҳюнистии Исроил ба таври гӯстарда харобӣ ва вайрониҳоро, ки бар асари ҳамлаҳои Эрон ба вуҷӯд омадаанд, сензур кардааст. Бо вуҷӯди ин, гоҳ-гоҳ, корбарони ибризабон ва сокинони шаҳракҳои Исроил тасвирҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, ки гӯшае аз ҳаҷми харобӣ ва вайрониҳоро дар манотиқи мухталифи Исроилро нишон медиҳанд.
Инак гӯшае аз харобиҳо ва вайрониҳои Исроилро пас аз ҳамлаҳои сахти мушакии Эрон ба таври тасвирӣ хоҳем дид:








