
Ҳар рӯз, ки мегузарад, шумори кӯдакон, занон ва мардони бегӯноҳи қурбониёни гурӯснагӣ ва норасоии ғизо дар Ғазза бештар мешаванд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо интиқод аз монеъ шуданҳои Исроил ба вурӯди кӯмакҳои башардӯстона, хостори иқдоми фаврии байналмилалӣ барои қатъи ҷиноятҳои ишғолгарон гардид.
Ба гӯзориши хабаргӯзори ИРНО, «Антонио Гутерреш», дабири кулли СММ таъкид кард, ки мардӯми Ғазза дар хатари қаҳтӣ ва гурӯснагии сахт қарор доранд, вале ҷаҳон танҳо тамошобин аст.
Ӯ изҳор дошт, ки Исроил бояд ҳуқуқи инсонро риоя кунад ва иҷозати вурӯд ва ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба Ғаззаро бидиҳад. Исроил танҳо иҷозати вурӯди 50 мошини пӯр аз кумакҳои башардӯстонаро додааст, дар ҳоле ки 400 мошин мунтазири вурӯд ба Ғазза мебошанд.
Гутерреш афзӯд, ки режими саҳюнистӣ “ҳамчун қӯвваи ишғолгар муваззаф аст, ки иҷозаи вурӯд ва осон кардани ирсоли кӯмакҳои зарӯриро ба Ғазза фароҳам созад. Мо хостори қатъи фаврии даргириҳо ва вурӯди ҳама кӯмакҳои зарӯрӣ ба навори Ғазза ҳастем.”
Ӯ таъкид кард, ки Созмони Милал дар ҳеч барномае, ки ба ҳуқӯқи байналмилалӣ, усулҳои башардӯстона, ростӣ, истиқлол ва бетарафӣ эҳтиром намегӯзорад, ширкат нахоҳад кард. Ҳамаи кӯмакҳои тасдиқшуда барои вурӯд ба Ғазза то ҳол бисёр ночиз будаанд, дар ҳоле ки ниёз ба вурӯди гӯстурдаи кӯмакҳо ва таъмини ниёзҳои зарӯрӣ ҳаст.
Вазъияти Ғазза аз як “бӯҳрони инсонӣ” ба “фоҷиаи барномарезишуда” табдил ёфтааст. Бо вуҷӯди ҳӯшдорҳои СММ дар бораи қаҳтии эҳтимолии наздик то сентябри 2025 дар навори Ғазза, иқдомҳои амалии лозим барои поён додан ба муҳосира ва афзоиши кӯмакҳо ҳамоно нокофӣ боқӣ мондаанд. Ба бовари таҳлилгарон, фишорҳои дипломатӣ ба Исроил ва қатъи кӯмакҳои низомӣ ба ин режим калиди ҳалли ин бӯҳрон аст.
Бар асоси гӯзоришҳои СММ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, танҳо 50 мошини кӯмакҳои башардӯстона аз миёни 400 мошини мунтазири вурӯд, дар рӯзҳои ахир ба Ғазза ворид шудаанд. Дар ҳоле ки барои таъмини ниёзҳои ибтидоии аҳолии Ғазза рӯзона ба ҳадди ақал 500 то 600 мошини кӯмак ниёз аст.
80 дарсади қаламрави Ғазза ба сабаби амалиёти низомии Исроил ғайридастрас шудааст.
71 дарсади аҳолии Ғазза ба гурӯснагии сахт гирифторанд ва 60 000 зани ҳомила ба сабаби набуди хизматрасониҳои тиббӣ дар хатари марг қарор доранд. Бо вуҷӯди ин, режими саҳюнистӣ бо истифода аз гурӯснагӣ ҳамчун як тактикаи ҷангӣ, вурӯди кӯмакҳоро бисёр маҳдуд кардааст.
Тибқи ин гӯзориш, муҳосираи комили заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрии Ғазза аз моҳи марти 2024 сахттар шуда, танҳо гӯзаргоҳи Рафаҳ бо Миср ба таври маҳдуд фаъол аст.