Ба гӯзориши Азия-Плюс, дирӯз, 22-юми май, ҷасади шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба самти Руссия дар қаламрави Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дӯчор шуда, ба ҳалокат расиданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд.
 
Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикон дар Қазоқистон, дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гӯфт, ки мошини ҷасадбар бегоҳии дирӯз аз вилояти Қустанайи Қазоқистон ба самти Тоҷикистон роҳсипор шудааст.
 
    “Шаш ҷасадро мо шӯстем, кафан кардем, дар тобӯт ҷо кардем ва бо мошине, ки дар сандӯқаш дастгоҳи сардкунӣ дорад (рефрижератор), ба Тоҷикистон равон кардем”, - гӯфт Исмоилов.
 
Ин ҷасадҳо аз ҳисоби маблағи фонди Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карда шудаанд. Гӯфта мешавад, ки ҷасади муҳоҷирон то се рӯз ба зодгоҳашон мерасад.
 
Бояд гӯфт, ки дар натиҷаи бархӯрди мошини “Форд Транзит” бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, ки рӯзи 20-уми май рӯх дод, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд:
 
- Назрулло Боқиев, 24 сола;
 
- Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола;
 
- Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;
 
- Аҳтам Каримов, 36 сола;
 
- Бахтигул Боқиева, 40-сола;
 
- Юсуф Солеҳов, 67 сола;
 
Ба иттилои дастрас, ронандаи “Форд Транзит” дар ҷараёни тафтишот эътироф намудааст, ки садама бо хато ва гӯноҳи ӯ рӯх додааст - Ӯро ҳангоми ронандагӣ хоб бурдааст.
 
Ҳамаи қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳастанд ва ҷасадашонро дар зодгоҳашон ба хок месупоранд.
 
Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Руссия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, балки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Руссия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.
 
Аз Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба “Азия-Плюс” гӯфтанд, ки дар панҷ моҳи соли 2025, бо ин 6 фавтидаи охир, 36 тан муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Қазоқистон ба ҳалокат расида  ва ҷасадашон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
 
Ба иттилои ин Марказ, дар соли 2024 ҷасади 60 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар якуним соли охир ҷасади қариб 100 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон ба Ватан интиқол шудааст.


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст