Ба гӯзориши пойгоҳи иттилоърасонии Спутник, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 14 май ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабӯл ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гӯзошт.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, қонуни Тоҷикистон "Дар бораи сармоя ва ҳавасманд гардонии фаъолияти сармоягузорӣ", қонунҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба "Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" ва ба Қонун "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз ҷӯмлаи онҳо мебошанд.

Аз ҷӯмла қонуни кишвар "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" бошад ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гӯзоштани лайк ё дигар аломат бекор мекунад.

Таъкид шудааст, ки қонунҳои ба имзо расида барои рӯшди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардӯм мусоидат менамоянд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст