Ба гӯзориш аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари инқилоби исломӣ: Раҳбари инқилоби исломии Эрон ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сӯбҳи ҷӯмъа, дар солрӯзи байъати таърихии ҳамофарону коркунони нерӯи ҳавоии Эрон бо имом Хумайнӣ (рҳ) дар 19 баҳмани 1357, дар дидори ҷамъе аз фармондеҳону коркунони нерӯи ҳавоӣ ва падофанди артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гӯфтанд: Музокира бо Амрико ҳӯшмандона, оқилона ва шарофатмандона нест.
 
Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор, рӯзи таърихии 19 баҳманро рӯзи таваллӯди артиши сарафроз, мустақилу дорои ҳӯвият хонданд ва бо ишора ба таҷрибаи беҳосили ҳудӯди 2 сол музокира бо Амрико дар даҳаи навад (соли 2012) ва иқдоми Амрико дар зери пой гӯзоштани ҳамаи тааҳҳӯдоти хӯд, афзӯданд: Музокира бо Амрико ҳеҷ мӯшкилеро, аз ҷӯмла дӯшвориҳои иқтисодиву маишатиро ҳал намекунад. Ҳамон тавр, ки ҳал накард. Бинобарин, роҳи ҳалли мӯшкилот ҳиммати масъулони мутааҳҳиду ҳамроҳии миллати муттаҳид аст, ки иншоаллоҳ рӯзи 22 баҳман ин иттиҳоду ҳамдилиро хоҳем дид.
 
Ба гӯзориш аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ дар идома бо ишора ба пуркории Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи музокира ва рафтуомаду бастани қарордод бо ҳамаи кишварҳои дӯнё, таъкид карданд: Танҳо истисное ки дар ин замина вуҷӯд дорад, Амрико аст. Албата исми режими саҳюнистиро(Исроил) ба унвони истисно намебарем, чаро ки ин режим (Исроил)асосан давлат нест, балки як бонди ҷинояткору ғосиби сарзамин аст.
 
Раҳбари инқилоби исломӣ дар табйини иллати истисно будани Амрико аз музокира гӯфтанд:
Бархе вонамуд мекунанд, агар пӯшти мизи музокира биншинем, фалон мӯшкил ҳал мешавад, аммо воқеияте ки бояд дурӯст бифаҳмем, ин аст, ки музокира бо Амрико ҳеҷ таъсире дар рафъи мӯшкилоти кишвар надорад.
 
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таҷрибаи манфии даҳаи 90 ва ҳудӯди 2 соли музокира бо Амрико ва чанд кишвари дигарро(Аврупоиҳо), ки мӯнҷар ба бастани муоҳидаи ҳастаӣ шуд, далеле бар бефоида будани музокира бо Амрико хонданду афзӯданд: Давлати он рӯзи мо, бо онҳо нишаст, рафтуомаду музокира кард, хандиданд, даст доданду рафоқат ва ҳама кор карданду муоҳидае ташкил шуд, ки дар он, тарафи эронӣ бо саховати бисёр зиёд, имтиёзҳои зиёде ба тарафи муқобил дод, аммо амрикоиҳо ба он муоҳида амал накарданд.
 
Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба сӯханони раисиҷумҳури кунунии Амрико дар бораи пора кардани муоҳидаи ҳастаи БарҶом, хотирнишон карданд: Қабл аз ӯ ҳам давлати қаблии Амрико, ки муоҳидаро пазирӯфта буд, ба он амал накарду таҳримҳои Амрико, ки қарор буд бардошта шавад, бардошта нашуду масъалаи Созмони Милал ҳам ҳамчун устухоне байни захм боқӣ монд, ки ҳамеша монанди таҳдиде бар болои сари Эрон боқӣ бимонад.
 
Имом Хоманаӣ дар ин дидор ҳамчунин бо ишора ба талоши амрикоиҳо барои тағйири нақшаи ҷаҳон гӯфтанд: Ин кори онҳо ҳеҷ гӯна воқеъияте надорад ва фақат бар рӯи коғаз аст. Албатта онҳо дар бораи мо ҳам назар медиҳанд, ҳарф мезананд ва таҳдид мекунанд.
 
Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Агар моро таҳдид кунанд, мо ҳам онҳоро таҳдид мекунем, агар таҳдиди хӯдро амалӣ кунанд, мо низ таҳдидамонро амалӣ мекунем ва агар ба амнияти миллати мо таъаррӯз кунанд, мо ҳам бидуни тардид ба амнияти онҳо таъаррӯз мекунем.
 
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дифоъ аз Эронро сарлавҳаи корҳову тақвияти артишро мӯҳимтарин вазифа хонданду афзӯданд: Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бояд аз лиҳози нерӯи инсонӣ, таслеҳот, омӯзиш, омодагиҳои размиву дифоӣ, рафъи нуқоти заъфу осебҳои эҳтимолӣ, истимрори ибтикору тавлидоти навоварона рӯз ба рӯз тақвият шавад ва собит кунад, ки корҳои бисёр бузӯргтареро ҳам метавонад анҷом диҳад.
 
* Дар 19 баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (8 феврали 1979), ҷамъе аз ҳамофарони Неруи ҳавоии артиш дар Мадрасаи алавии Теҳрон бо ҳазрати имом Хумайнӣ (рҳ), бунёнгӯзори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва бо баргузории режа ва парад, пайравӣ аз эшонро ба таври расмӣ эълом карданд. Ин дидору байъат зарбаи корӣ бар пайкари режими паҳлавӣ, ки тобеи сиёсатҳои Амрико буд, ворид кард. Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 (22 баҳмани 1357) ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (рҳ), бунёнгӯзори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст