Порс тудей - Тавофӯқи чаҳоршанбешаб режими Исроилу Ҳамос барои оташбас ва табодӯли асирон шомили се марҳала бо ҳадафи поён додан ба ҷанг дар Ғазза аст.
 
Режими саҳюнистии Исроил саранҷом ва пас аз яксолу се моҳ ҷангафрӯзии ваҳшиёна ва куштори бераҳмонаи беш аз 46 ҳазор ғайринизомии Фаластинӣ ва нотавонӣ дар расидан ба аҳдофи хӯд, яъне озодии низомиёни асири хӯд аз тариқи мудохилаи заминӣ, ҳазфи муқовимати мардумии Ҳамос ва аз миён бардоштани тавони низомии Борикаи Ғазза дар истифода аз ракет, шаби чаҳоршанбе 12 январи 2025 ба тавофӯқи оташбас бо Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин( Ҳамос) тан дод.
 
Ба гӯзориши Порс тудей ба нақл аз Ал Олам, ин тавофӯқ шомили се марҳала аст ва аз рӯзи якшанбе (19 январ) иҷро хоҳад шуд. Матни ин тавофӯқ бо унвони «усӯли куллии мувофиқатномаи байни тарафайни Исроилӣ ва Фаластинӣ дар Ғазза дар мавриди табодӯли асирон ва барқарории оташбаси пойдор» ба шарҳи зер аст:
 
Ҳамаи асирони Исроилӣ, чӣ аз зинда ва мурда, ки тавассути муқовимати мардумии Ҳамос асир шудаанд, озод мешаванд ва дар муқобил, режими Исроил бо озодии теъдоде аз асирони Фаластинӣ, ки дар мавриди онҳо тавофӯқ мешавад, мувофиқат кард.
 
Мубодила дар рӯзи оташбас, рӯзе, ки дар тавофӯқнома ба унвони «рӯзи аввал» мушаххас шудааст, оғоз хоҳад шуд.
 
Режими Исроилу Ҳамос дар ин санад бар омодагии оташбасе, ки ба чаҳор ҳадаф, оташбаси доимӣ, хурӯҷи неруҳои Исроилӣ аз Борикаи Ғазза, бозсозии Ғаззава бозгӯшоии гӯзаргоҳҳо ва тасҳили ҳаракати ашхосу ҳамлу нақли коломунҷар мешавад, тавофӯқ карданд.
 
Мафоди тавофӯқи тибқи се марҳала ба шарҳи зер аст:
 
Марҳалаи аввал (42 рӯз):
 
Таваққӯф ва манъи муваққати амалиёти низомии ду тараф ва ақибнишинии артиши Исроил ба самти шарқ аз “манотиқи пӯрҷамъият дар имтидоди марз дар тамоми манотиқи Борикаи Ғазза, аз ҷумла водии Ғазза”.
 
Таваққӯфи муваққати тараддӯди ҳавоӣ (низомӣ ва назоратӣ) дар Борикаи Ғазза ба мӯддати 10 соат дар рӯз ва 12 соат дар рӯзҳое, ки дар онҳо мубодилаи асирон анҷом мешавад.
 
Бозгашти оворагон ба маҳали зиндагии хӯд ва хурӯҷ аз водии Ғазза.
 
Ва дар рӯзи ҳафтум (пас аз озодии ҳафт нафар аз асирони саҳюнист), неруҳои режими ишғолгари Исроил ба таври комил аз ҷодаи соҳилии Ал Рашид ба самти шарқ то ҷодаи Салоҳиддин ақибнишинӣ мекунанд.
 
Исроил мутааҳҳид шуд, ки пойгоҳҳо ва таъсисоти низомии хӯдро дар ин минтақа ба таври комил аз байни бибараду бад-ин тартиб, бозгашти оворагон ба маҳали сукӯнат (бидуни ҳамли силоҳ) оғоз хоҳад шуд. Озодии рафту омади мардум дар тамомии манотиқи Борикаи Ғазза бидуни маҳдӯдият ва вуруди кӯмакҳои башардӯстона аз рӯзи аввал бидуни маҳдӯдият хоҳад буд.
 
Дар рӯзи бисту дуввум, нерӯҳои Исроилӣ аз маркази Ғазза (ба вижа меҳвари Netzarim дар шарқи ҷодаи Салоҳиддин то минтақаи воқеъ дар имтидоди марз) ақибнишинӣ, хоҳанд кард ва пойгоҳҳо ва таъсисоти низомӣ ба таври комил барчида мешаванд.
 
Аз рӯзи аввал, кӯмакҳои башардӯстона мӯҷоз хоҳад буд (600 камиюн(мошини боркаш) дар рӯз аз ҷумла 50 камиюни сӯхт, ки 300 дастгоҳи он марбӯт ба шимоли Борикаи Ғазза аст). Ин шомили сӯхти мавриди ниёз барои роҳандозии нерӯгоҳи тавлиди барқу таҷҳизоти тиҷорӣ ва сохту сози мавриди ниёз барои оворбардорӣ ва бозсозӣ ва роҳандозии бемористон мешавад.
 
Табодӯли асирон:
 
Ҳамос 33 асири Исроилиро озод хоҳад кард (занони ғайри низомӣ ва сарбоз), кӯдакон (зери 19 сол ва на сарбоз), бузӯргсолон (беш аз 50 сол), ғайринизомиёни бемору захмӣ.
 
Дар муқобил, режими саҳюнистӣ, теъдоде аз асирони Фаластинӣро озод хоҳад кард. Бо дар назар гирифтани листҳои ироа шуда тавассути Ҳамос бар асоси авлавияти дастгирии онҳо, режими Исроил ба изои ҳар зан ё кӯдаки озод шудаи Исроилӣ тавассути Ҳамос, 30 зану кӯдаки Фаластинӣро озод хоҳад кард.
 
Ҳамчунин бар асоси феҳристе, ки Ҳамос бар асоси авлавияти дастгирии онҳо ироа кардааст, ба изои озодии ҳар саҳюнисти солхӯрда ва мариз аз сӯи Ҳамос, Исроил 30 зиндонии бузӯргсолу бемор (ки то 15 сол аз асорати онҳо боқӣ мондааст)-ро озод мекунад.
 
Ба изои ҳар низомии зани озод шуда, Исроил 50 зиндонии Фаластинӣро озод мекунад (30 зиндонии дар ҳоли гӯзарондани ҳабси абад ва 20 нафари дигар дар ҳоли гӯзарондани муҷозотҳои то 15 сол зиндон).
 
Ин мавзӯъ шомили феҳристҳое аст, ки Ҳамос ироа мекунад, ба ғайри феҳристи мавриди тавофӯқ. Теъдоди асирони Фаластинӣ (ҳаддиақал 100 нафар), ки дар марҳалаи дувум мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Теъдоде аз онҳо озод шуда ва ба хориҷи Ғазза ё Ғазза табъид хоҳанд шуд.
 
Механизми табодӯли асирон байни ду тараф дар марҳалаи аввал:
 
Ҳамос дар рӯзи аввал се ғайринизомии Исроилӣ ва дар рӯзи ҳафтум чаҳор ғайринизомии дигарро озод хоҳад кард. Пас аз он, Ҳамос ҳар ҳафтрӯз се асири Исроилиро озод хоҳад кард, ки аз занон шурӯъ мешавад.
 
Тасмим гирифта шуд, ки тамомии асирони зиндаи Исроилӣ пеш аз аҷсод озод шаванду Ҳамос дар ҳафтаи шашум дар изои озодии теъдоди тавофӯқ шудаи асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими Исроил, тамомии асирони боқимонда дар ин марҳаларо озод хоҳад кард. Ин озодӣ ҳамзамон ва бар асоси листҳои ироа шуда аз сии Ҳамос анҷом мешавад.
 
То рӯзи ҳафтум, Ҳамос иттилооте дар бораи теъдоди асирони Исроилӣ, ки дар ин марҳала озод хоҳанд шуд, ироа хоҳад кард.
 
Исроил дар ҳафтаи шашум (пас аз озодии Ҳишом Ал Сийд ва Афро Мангисто, ки ба маҷмӯи 33 асири Исроилӣ мепайванданд), 47 зиндониро, ки муҷаддадан дастгир шудаанд, аз қарордоди Шолит (номи асири Исроилӣ аст) озод мекунад.
 
Агар теъдоди асирони зиндаи Исроилӣ, ки қарор аст дар ин марҳала озод шаванд ба 33 нафар нарасад, бо бозгардондани ҷасадҳои он дастаҳо, ин теъдод такмил мешавад ва дар муқобил, режими Исроил дар ҳафтаи шашум тамоми занону кӯдакон (зери 19 солу ғайриҷангҷӯ), ки пас аз 7 октябр дар Борикаи Ғазза дастгир шуда будандро озод мекунад.
 
Исроил мутаъаҳҳид шуд, ки Фаластиниёни озод шударо ба ҳамин иттиҳомоти муҷаддадан боздошт накунаду мубодират ба бозгардондани асирони озод шудаи Фаластинӣ барои гӯзарондани боқимондаи даврони маҳкӯмият нахоҳад кард. 
 
Ҳамчунин тавофӯқ шуд, ки Фаластинӣёни озод шуда мулзам ба имзои ҳеҷ санаде ба унвони шарти озодӣ набошанд.
 
Ду тараф тавофӯқ карданд, ки гӯшоиши мубодилаи асирони фавқ ба унвони мабное барои гӯшоиши табодӯл дар марҳалаи дувуми муомила дар назар гирифта нашавад.
 
Ҳаддиаксар то рӯзи шонздаҳум, музокироти ғайримустақим байни ду тараф барои тавофӯқ бар сари шароити иҷрои марҳалаи дувум бавижа мавориди марбӯт ба гӯшоиши табодӯли асирон оғоз хоҳад шуд.
 
Музокирот то поёни ҳафтаи панҷуми ин марҳала, такмил ва тавофӯқ хоҳад шуд.
 
Созмони Милали Муттаҳид, ожонсҳои он ва соири созмонҳо ба ироаи хадамоти башардӯстона дар тамоми манотиқи Борикаи Ғазза идома хоҳанд дод.
 
Бозсозии зерсохтҳо дар саросари Ғазза ва овардани миқдори тавофӯқ шудаи таҷҳизоти лозим барои дифои маданӣ (ниҳодҳои имдодрасон) оғоз шавад.
 
Тасҳили вуруди тадорукоту малзумот барои искони оворагоне, ки дар ҷанг хонаҳои хӯдро аз даст додаанд. Ҳаддиақал 60 ҳазор корвон ва 200 ҳазор чодар ворид хоҳад шуд.
 
Пас аз озодии тамомии низомиёни зани Исроилӣ, теъдоде аз маҷрӯҳони Ҳамос таъйин мешаванд то барои мудово ба гӯзаргоҳи Рафаҳ бираванд. Илова бар ин, теъдоди мусофирон, беморону маҷрӯҳон аз тариқи гӯзаргоҳи Рафаҳ афзоиш меёбаду маҳдӯдиятҳои сафар бардошта мешаваду тараддуди коло ва тиҷорат аз сар гирифта мешавад.
 
Гирифтани тадобиру барномаҳои лозим барои бозсозии ҳамаҷонибаи манозил, таъсисоти ғайри низомӣ ва зерсохтҳои ғайри низомии тахриб шуда дар тӯли ҷанг ва ҳимоят аз қурбониёни таҳти назорати теъдоде аз кишварҳо ва созмонҳо, аз ҷумла Миср, Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид оғоз мешавад.
 
Тамомии иқдомот дар ин марҳала, яъне оташбаси низомӣ то замоне, ки музокирот бар сари шароити иҷрои он идома дошта бошад, дар марҳалаи дувум низ идома хоҳад дошт.
 
Дар ин тавофӯқнома тасреҳ шудааст, ки Қатар, Амрико ва Миср тамоми талоши хӯдро барои итминон аз идомаи музокироти ғайримустақим то замоне, ки ду тараф битавонанд дар мавриди шароити иҷрои марҳалаи дувум ба тавофӯқ барисанд, ба кор хоҳанд баст.
 
Марҳалаи дувум (42 рӯз) :
 
Оташбаси доимӣ (Таваққӯфи амалиёти низомӣ ва иқдомоти таҷовузкорона ба шакли муназзам), эълом ва қабл аз табодӯли асирон оғоз хоҳад шуд.
 
Дар ин тавофӯқ омадааст: Мо дар инҷо дар бораи ҳамаи асирони Исроилии зинда ва боқимонда сӯҳбат мекунем, дар баробари озодии теъдоде аз асирони Фаластинӣ дар Исроил. Дар ин марҳала хурӯҷи комили артиши Исроил аз Борикаи Ғазза анҷом хоҳад шуд.
 
Марҳалаи сеюм (42 рӯз):
 
Мубодилаи тамоми аҷсод байни ду тараф пас аз таъини маҳалу шиносоии онҳо.
 
Иҷрои тарҳи бозсозии 3 то 5 солаи Борикаи Ғазза шомили маскан, таъсисоти шаҳрӣ, зерсохтҳои ғайринизомӣ ва ҳимоят аз қурбониёни таҳти назорати кишварҳо ва созмонҳо, аз ҷумла Миср, Қатару Созмони Милали Муттаҳид оғоз мешавад. Бозгӯшоии гӯзаргоҳҳои марзӣ ва осонии тараддуди афрод ва колоҳо.
 
*Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз ҳафтуми октябри 2023 (15 меҳри 1402) ҷанги вайронгареро алайҳи Борикаи Ғазза оғоз кард, ки бар асари он, афзӯн бар вайрониҳои азим, беш аз 46 ҳазор Фаластинӣ, ки бештари онҳо зан ва кӯдак буданд, шаҳиду дастикам 100 ҳазор Фаластинии дигар захмӣ шуданд. Бо вуҷӯди ҳамаи ин ҷиноятҳо, режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки пас аз гӯзашти 467 рӯз ҷанги алайҳи сокинони Ғазза, натавониста ба аҳдофи хӯд дар ин ҷанг, яъне нобудии муқовимати Фаластину бозгардондани асирони Исроилӣ аз Борикаи Ғазза даст ёбад.
 Ба ҳар ҳол на Ҳамос нобӯд шуд, на Ғазза таслим шуд, на асире бо амалиёти низомӣ озод шуд, ки Исроил ба аҳдофаш бирасад. Балки режими саҳюнистии Исроил бо тан додан ба шартҳои Ҳамос дар оташбас, барои ҳамеша беобрӯ шуд ва Ғазза азизу қаҳрамон шуд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст