Ба гӯзориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоотии раёсатҷумҳурии Эрон, Масъуди Пизишкиён дар идомаи барномаҳои сафараш ба Русия, рӯзи ҷумъа 18 январ, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот карда, паёмҳои гарми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломиро ба Ӯ расонид. Вай бо ишора ба таъкиди ҷиддии ишон бар таҳкими равобит бо Русия, изҳор дошт: "Робитаи Эрон ва Русия дар абъоди дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли тақвият аст ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду тараф хӯб гӯстариш меёбанд".
 
Раисҷумҳур бо ишора ба он ки имрӯз тавофуқномаи комили стратегии Эрон ва Русия, ки солҳо таҳқиқи коршиносиро дар бар гирифта, имзо хоҳад шуд, афзӯд: "Бар асоси ин тавофуқ, ду кишвар метавонанд дар ҳамаи арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ равобити хӯдро тақвият бахшанд".
 
Пизишкиён робита бо Русияро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯҳим ва стратегии дониста, гӯфт: "Ин дидгоҳ ва тавсияи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва эътиқоди мост, ки масоили минтақа бояд бо идораи кишварҳои минтақа ҳаллу фасл гардад ва ниёзе ба он нест, ки дигарон аз он сӯи ҷаҳон омада, минтақаи моро ноором карда ва сиёсатҳои хӯдро таҳмил кунанд. Бешак, гӯстариши равобити мо нақшаҳои онҳоро барбод хоҳад дод".
 
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар ин мулоқот, бо изҳори хушнудӣ аз мизбонии раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш гӯфт: "Сафари ҷаноби шумо ба Русия аҳамияти вижа дорад, зеро на танҳо ҳамаи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳем кард, балки аҳдномаи комили ҳамкориҳои стратегии ду кишварро имзо хоҳем кард".
 
Раисҷумҳури Русия бо ташреҳи абъоди ин аҳдномаи стратегӣ ва нақши он дар гӯстариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар, махсусан дар бахшҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, афзӯд: "Раванди рӯшди равобити ду кишвар дар ҳоли ҳозир аз суръати қобили қабӯл бархӯрдор аст".
 
Владимир Путин таъкид кард: "Мо бар асоси ин аҳднома дар тарҳҳои мӯҳим ва бузӯрги муштарак, аз ҷумла дар гӯстариши тарҳҳои нерӯгоҳи ҳастаӣ ва энержӣ ҳамкорӣ хоҳем кард. Ҳамкориҳо дар бахши гардишгарӣ 21 дарсад афзоиш хоҳад ёфт, ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт ва рушди масирҳои иртиботӣ густариш меёбад ва дар бахши инсонпарварона низ пешрафт хоҳем дошт".
 
Ёдовар мешавем, ки марҳум Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини ҷумҳурии исломии Эрон дар дидорҳои гӯзашта бо мақомоти олӣ ва раиси Думаи Русия таъкид карда буд: Санади ҷомеъи ҳамкории миёни Эрону Русия барои гӯстариши ҳаддиаксарии ҳамкориҳо ниҳоӣ шавад. Ҳаҷми таъомулоти ду кишварро хӯб, аммо нокофӣ тавсиф карда буд ва гӯфта буд : Муносиботи Теҳрон - Маскав бояд вориди давраи ҷадид шуда ва барои тавсеъаи ҳамаҷониба гомҳои асосӣ бардошта шавад. Раисӣ бо ишора ба инки монеъе барои густариши ҳамаҷонибаи равобити ду кишвар вуҷуд надорад, гӯфта буд: Аз пешрафту рушди иқтисодии Русия дар ростои худиттикоӣ хӯрсанд буда ва мусаммам ҳастем дар баробари таҳримҳои золимонаи Амрикову Аврупо муқобила кунем.
 
Раисҷумҳури ҳозираи исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ҳам бо изҳори қаноатмандӣ аз мулоқот бо ҳамтои русаш дар дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия гӯфт: «Муносибатҳои мо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯз то рӯз мӯстаҳкамтар мешаванд». Ӯ афзӯд, ки: "Бар асоси ин тавофуқ, ду кишвар метавонанд дар ҳамаи арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ равобити худро тақвият бахшанд"."Робитаи Эрон ва Русия дар абъоди дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли тақвият аст ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду тараф хӯб густариш меёбанд".
 
Ба гӯзориши ТоҷикПресс- Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров  бовар дорад, ки созишномаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба байни Теҳрон ва Маскав намунаи як шакли ҳамкории муфид байни кишварҳои мустақил мебошад, ва Путин ҳамчунин робитаҳои Русия ва Эронро васеъ ва ба нафъи ҳар ду тараф арзёбӣ мекунад.
 
Владимир Путин, Президенти Русия, дар як нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои эронии хӯд, пас аз имзои созишномаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба байни ду кишвар, робитаҳои Русия ва Эронро васеъ ва барои ҳар ду тараф мӯфид арзёбӣ кард. Путин таъкид кард: “Кишвари мо аҳамияти вижае ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамҷавории хӯб байни Русия ва Эрон медиҳад”.
 
Ба гӯфтаи Владимир Путин, принсипҳое, чун баробарӣ, эҳтиром ба ҳамдигар, нигоҳ доштани манфиатҳои якдигар ва дастгирии мутақобил асоси робитаҳои ду кишварро ташкил медиҳанд ва ин принсипҳо пайваста дар амалҳо таҷассӯм ёфтаанд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки шарикии байни ду кишвар сол ба сол ба таври пайваста рӯшд мекунад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст