Ба гузориши Азия-Плюс: Бегоҳи 15-уми январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Масъуд Пизишкиён вориди Душанбе шуд. Ин аввалин сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон пас аз интихобаш ба курсии раиси ҷумҳури Эрон буд. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Баъд, зимни вохӯрии расмӣ дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён гӯфт: “Ба хонаи хӯдатон хӯш омадед”. “Сафари Шумо қувваи нав дар равобити гуногунсамти Тоҷикистону Эрон мегардад. Сафари шумо сафари бобаракат хоҳад буд. Хӯш омадед!”,-гӯфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҷавоб Масъуд Пизишкиён зикр кард, ки аз сафар ба Тоҷикистон “хеле хӯшҳол аст”,-гӯфт “...эҳсоси ғӯрбат ҳам намекунам, мисли кишвари хӯдамон аст. Хиёбонҳо, сохтмонҳо, майдонҳо ҳамааш ошност барои мо. Ҳамаи исмҳое, ки шумо дар хиёбонҳо, майдонҳо гӯзоштаед, ҷузъи китобҳои мост. Мехонем ва эҳсос мекунем, ки воқеан дар Эрон ҳастем, хеле барои ман ҷолиб ва қашанг аст, чун дар ҳеҷ нуқтае аз дӯнё чунин ҷойро мо сӯроғ надорем”.
16 январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён дидори расмӣ анҷом дод ва байни мақомоти олии Эрону Тоҷикистон 23 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин сафаре, ки ду рӯз идома кард, Масъуд Пизишкиён бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯи расмӣ намуд.
Ҳамчунин бо иштироки сарони давлатҳо ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргӯзор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягӯзорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон иброз доштанд, ки «музокироту сӯҳбатҳои мо бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Масъуд Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ байни ду давлат изҳори ризоият менамояд. Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба гӯстариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягӯзорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем».
Таъкид шуд, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муколамаи намояндагони бахши хусӯсии ду давлат доир гардида, ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд. Ин нишони мавҷудияти имконоти фарох барои ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягӯзории мамлакатҳои мо мебошад.
Гуфта шуд, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони Тоҷикистон ва Эрон нақши хеле мӯҳим доранд. Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об, имконоти бузӯрги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфияти зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягӯзорӣ мебошад.
Соли 2024 тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми тиҷорат нисбат ба соли 2023 байни ду давлат далели мавҷӯдияти зарфияти кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб мебошад.
Дар ҷараёни ин сафар раиси ҷумҳури ҳарду кишвар ба бекор шудани раводид ишора карданд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар ҷараёни сафари давлатии хӯд ҳамчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибин Сино дидан кард ва ба Ӯ унвони “Профессори фахрӣ”-и ин донишгоҳ тақдим гардид.
Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури исломии Эрон ба Тоҷикистон маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон бо иштироки шоирону адибони ду давлат, Форуми олимон ва пажӯҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон, бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ баргӯзор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки баъди чандин соли сардии равобит миёни ду кишвар, бо бар сари қудрат омадани марҳум Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳи августи соли 2021 гарм шудани равобит оғоз шуд ва ин рӯз то рӯз беҳтар мешавад.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, пас аз анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Русия сафар кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс: Сайидризо Солеҳи Амирӣ, вазири мероси фарҳангии Эрон, дар бораи сафари хӯд ба Тоҷикистон дар ёддоште навиштааст, ки ин сафар ба далели муҳаббати беандозаи мардуми Тоҷикистон ба Эрон ва забони форсӣ, хеле вижа ва ширин буд. Мо аз муҳаббати беандозаи мардуми Тоҷикистон ба Эрон ва забони форсӣ хеле фахр мекунем. Таърих ва ҳувияти муштараки форсизабонон, заминаи хубе барои тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии ду кишвар фароҳам меоварад.