Ба гӯзориши Порс тудей- Фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар ҷамъи коркунони мӯшакии нерӯи ҳаво-фазоӣ сипоҳ гӯфт: Мо солҳост, ки барои муборизаҳои бузӯрг ва ҷангҳои сангин ва ҳатто дарозмӯддат бо қӯдратҳои ба назар бузӯрги ҷаҳон ва пайвастагиҳои минтақавии онҳо омода шудаем.
Генерал Ҳусейни Саломӣ таъкид кард: Дӯшман бояд ба ин воқеъият огоҳ бошад, ки иродаи сиёсӣ дар низоми Ҷумҳурии исломӣ барои мувоҷиҳа бо зиёдаталабиҳо, султахоҳиҳо ва таҷовӯзоти дӯшман, иродае қотеъ, ҷорӣ ва бенақс аст.
Ба гӯзориши Порс тудей, Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ бо таъкид бар инки миллати Эрон, бо дастҳои пӯр дар муқобили дӯшман истодааст афзӯд: “Мо аввалан ба қӯдрат ва ёрии Худо бовар дорем ва дар давоми ин бовар ба қӯдрати дифоъӣ ва боздорандагии хӯд имон дорем. Мо ҳаргиз барои дифо аз истиқлол, ҳуввият, эътибору иқтидорамон ба ҳеҷ қӯдрате берун аз марзҳои низоми мӯттакӣ набудаем. Асосан дифоъ аз кишварро бар асоси амали дигарон танзим накардаем. Хӯдиттикоӣ асли докторини мо ҳам дар сатҳи роҳбӯрд ва ҳам дар сатҳи амалиёт ва ҳам дар сатҳи тактик аст”.
Генерал Ҳусейни Саломӣ Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба дӯшманони кишвараш ҳӯшдор дод: Ба дӯшманон мегӯем, ки ҳисобҳои хӯдро бисанҷанд ва хато накунанд. Мо аҳли амалем ва ба вақт ва ба андоза амал мекунем ва аз чизе ҳам гӯзашт намекунем. Ҳаракати шумо таҳти назорат мост.
Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ишора кард, ки дар тӯли ҳафтаҳои ахир бо таваҷҷӯҳ ба тағйироти рӯйдода дар минтақа, як ҳаяҷон дар дӯшманон ба вуҷӯд омад ва дӯшман кӯшиш кард, ки дар фазои амалиёти фазои маҷозӣ ва расонаӣ қудрати Эронро сӯст нишон диҳад.
Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ ҳамчунин бо баёни инки амалиётҳои “Ваъдаи содиқ 1 ва 2” ҷӯзъи кӯчаке аз намоиши азамати миллати Эрон аст, хотирнишон кард, ки мӯшакҳои Эрон ҳар рӯз ҳам дар каммияту кайфият ва ҳам дар маҳорату тарроҳӣ ба рӯз ва дар ҳоли афзоиш аст.
Генерал Саломӣ гӯфт: Мо дар интизорем ва омодаем. Ба фармондеҳон мегӯем, ки барои вақте ки фармон расад, омода ва интизор бошед; барои он лаҳзае, ки фармон мерасад, то нишон диҳем, ки қӯдрати бузӯрги Эрон чӣ гуна аст.