Оташсузии бозори Масква / Азои модарони тоҷик
Бар асоси гузориши хабаргузориҳо ва рӯзномаҳои Русия, дар ҷараёни оташсузие, ки дар як анбори бозори Кочоловский -Масква- воқеъ гашт теъдоди зиёде аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон сухтаанд.
Дар ин оташсузӣ, ки 4:50-и субҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ иттифоқ афтодааст, коргарон ва афроди бесарпаноҳ дар анбор хобида будаанд ва ба сабаби набудани роҳи фирор ва дар асари дуд ва сухтор дар анбор ҳалок шуда ва бештари онҳо сухтаанд.
Бар асоси гузоришҳое, ки аз тарафи Сафорати ҶТ дар Масква расидааст, ҳануз хабари Тоҷик будани бештари ҳалокшудагон таъйид нагаштааст, аммо хабарҳои дигар аз тоҷикистонӣ будани бештари онҳо ҳикоят дорад.
Гуфта мешавад масъули ин анбор дар баробари пул, гуруҳеро ҳам ба ҳамроҳи коргарон дар анбор ҷой медодааст ва дар асари ин оташсузӣ онҳо ҳам ҷон додаанд ва анбордор фирор кардааст.
Дар пайи ин иттифоқ соҳибони муҳоҷирини корӣ, ки аз фарзандони худ хабари дақиқ надоранд дучори нороҳатӣ ва саргардонӣ шудаанд ва интизори хабарҳои дақиқтар ҳастанд.
Муҳоҷирини кории тоҷикистонӣ ҳамчун муҳоҷирини кории кишварҳои Узбекистон ва... дар Русия ба корҳои сахт ва гоҳ машаққатовар машғул ҳастанд ва ба сабаби ин ки намехоҳанд гирифтори мушкилоти полисӣ ва мадорик шаванд, маҷбуранд бо ҳуқуқи кам ва гоҳ дар хобгоҳҳои ғайри истондорд ва ғайри беҳдоштӣ зиндагӣ кунанд. Ба ҳамин сабабҳо гирифтори дуздӣ, қатл, зургирӣ ва инбор ҳам оташсузӣ шуда ва мешаванд.
Дар ингуна ҳолатҳо консулии кишвар вазифадор аст қазияро пайгир шавад ва агар хато, саҳв ва ё амде дар кор бошад ҳаққи шаҳрвандони худро бигирад.
Мо «НУРИ ТОҶИКОН» ин фоҷиаро ба тамомии модарон ва хонаводаҳои фавтшудагон -шаҳрвандони Тоҷик ва Узбек- таслият гуфта аз Худованд барои онҳо талаби раҳмат менамоем.
НУРИ ТОҶИКОН