Ба гӯзориши хабаргӯзории ИРНА-режими саҳюнистии Исроил бомдоди рӯзи шанбе дар иқдоме танишзо, нуқоте аз марокизи низомӣ дар вилоятҳои Теҳрон, Хузистон ва Иломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон бо раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ тавонистааст иқдоми таҷовӯзкоронаи режими саҳюнистии Исроилро пешгирӣ кунад ва танҳо осибҳои маҳдуде ба бархе аз нуқот ворид шудааст, ки абъоди ҳодиса дар дасти баррасӣ аст.
 
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар иттилоияе аз шаҳодати чаҳор размандаи ин неру дар ҳини муқобила бо таҷовӯзи режими саҳюнистии Исроил бомдоди рӯзи шанбе хабар дод.
 
Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам бо маҳкӯм кардани иқдоми таҷовӯзкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба нуқоте аз марокизи низомии Ҷумҳурии исломӣ таъкид кард: Бар асоси мода 51 Маншури милал муттаҳид, Эрон хӯдро муҳиқ ва муваззаф ба дифоъ дар баробари эъмоли таҷовӯзкоронаи хориҷӣ медонад.
 
Пас аз ин иқдоми танишзои Тел Авив, манобеи режими саҳюнистӣ ба дунболи бузӯргнамоии ин ҳамлаи заъиф буданд ва дурӯғу иддаоҳои мухталифе дар ин бора матраҳ карданд.
 
Дар ҳамин замина, манбаи саҳюнистӣ иддао кард, ки 100 ҳавопаймои низомии Исроил дар ин ҳамла нақш доштанд, ки ин иддао бо вокуниши Эрон мувоҷеҳ шуд. Як манбаи огоҳ ба хабаргузории Тасним гӯфт, ахборе, ки мегуяд, 100 ҳавопаймои низомии режими Исроил дар ин ҳамла нақш доштанд, комилан дурӯғ аст ва режими саҳюнистӣ ба дунболи бузӯргнамоии ин ҳамлаи заъиф аст.
 
Ин манба ҳамчунин иддаои артиши Исроил мабнӣ бар ҳадаф қарор додани 20 нуқта дар Эронро ғайривоқеӣ донист ва эълом кард: Теъдоди аҳдофи душман бо фосила, камтар аз ин мизон аст. Ин манба ҳамчунин гӯфт, ки иқдоми саҳюнистҳо аз берун аз марзҳои Эрон сӯрат гирифта ва осебҳои маҳдӯде ворид кардааст.
 
Интишори тасовири ҷаълӣ ва ахбори дурӯғ, яке дигар аз харбаҳои саҳюнистҳо пас аз таҷовӯз ба Эрон буд, ки ин иқдоми саҳюнистҳо, ҳатто боиси таассӯфи хабарнигорону корбарони исроилӣ низ шуд.
 
Хабарнигори низомии рӯзномаи “Times of Israel” дар вокӯниш ба тасовире, ки Йоав Галлант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ мунташир ва иддао карда буд, ин тасовир марбӯт ба осебҳои ношӣ аз ҳамлаи Исроил ба Эрон аст, аз ин иқдом ибрози таассӯф кард. Хабарнигори ин расонаи саҳюнистӣ таъкид кард, ки Йоав Галлант дар зери замин, тасовире иддаоӣ аз ҳамлаи Тел Авивро мунташир ва эълом кард, ки ин тасовири марбут ба оташсӯзии полоишгоҳи Теҳрон дар натиҷаи ҳамлаи Исроил аст.
 
Вай афзуд, ин тасвир марбӯт ба оташсӯзии полоишгоҳи Теҳрон дар соли 2021 аст ва рабте ба ҳамлаи Исроил надорад.
 
Шови Шовлӣ, корбари саҳюнист ҳам дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Фикр мекунам иқдоми заъиф кори саҳеҳе аст, ки анҷом гирифт, бо ин ҳол чаро Натаняҳу ба мо дурӯғ мегуяд?
 
Шокир Хафоӣ, сухангӯи полоишгоҳи Теҳрон низ бо такзиби ҳадаф қарор гирфтани полоишгоҳи Теҳрон дар ҳамлаи бомдоди режими саҳюнистӣ гуфт, ҳамакнун полоишгоҳи Теҳрон тибқи риволи одӣ дар ҳоли фаъолият аст.
Яир Лапид нахуствазири собиқи режими саҳюнистии Исроил ҳам ҳамлаи ҳамлаи Исроил ба Эронро заъиф ва бесамар донисту гӯфт, ки эрониҳо ҳатто ҳамлаи мушакии Исроилро эҳсос ҳам накарданд.
 
Ин иқдоми Исроил вокуниши танзомези корбарони фазои маҷозиро низ дар пай дошт.
 
Раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, Муҳаммад Боқир Қолибоф дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи порлумон гӯфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби ҳаққи зотии дифои машрӯъ, хӯдро муҳиқ ба дифоъ аз хӯд медонад. Посух ба таҷовӯзгарии режими саҳюнистӣ бо риояти иқтизоот қатъӣ хоҳад буд.
 
Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон ҳам дар вокуниш ба интишори тасовири ҷаълии мунташир шуда дар бархе расонаҳои саҳюнист гуфт: Эрон кишваре қудратманд ва муқтадир аст ва бо шайтанатҳои ин чунин дӯчор масъала нахоҳад шуд.
 
Муҳоҷиронӣ афзӯд, ҳам акнун Эрон дар вазъияти одӣ қарор дорад ва ҳатто парвозҳо аз соати 9 сӯбҳи шанбе ба риволи одии хӯд бозгаштааст.
 
Таҷовӯзи низомии режими саҳюнистӣ ба Эрон вокӯнишҳои байналмилалӣ ҳам дар пай дошт ва кишварҳои Арабистон, Малайзия, Индонезия, Туркия, Урдун, Қатар, Кувайт, Сурия, Покистон, Бангладеш, Никарагуа, Венезуэла, Куба, Бразилия, Созмони милал, Созмони ҳамкории исломӣ, Швейтсария, Аврӯпо, Ҷопон, Руссия, Чин, кишварҳои Осиёӣ, Ҳинд, давлати Санъо, Алҷазоир, Африқо, Баҳрайн,  Иморот, Лубнон, Миср, Ироқ, Уммон ва Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо судӯри баёнияҳое ҷудогона, ин таҷовӯзи низомиро маҳкӯм ва онро нақзи ошкори ҳокимияти Эрону нақзи қавонини байналмилалӣ унвон карданд ва дар идома хостори ҷилавгирӣ аз густариши доманаи ҷанг дар минтақа ва таваққуфи фаврии хусуматҳо ва поёни чархаи танишҳо дар Ховари миёна шуданд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст