Яҳё Синвор аз фармондеҳони бузурги Фаластин аст, ки ба унвони меъмори амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо бар зидди режими саҳюнистии Исроил ба шумор мерафт. Ӯ чанде пеш ба ҷойи шаҳид Исмоил Ҳания ба унвони раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) таъйин шуда буд.
Яҳё Иброҳим Синвор раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин(Ҳамос) рӯзи чаҳоршанбе (16 октябр 2024 )дар ҷараёни даргирӣ бо низомиёни режими саҳюнистии Исроил дар шаҳри Рафаҳ, дар ҷануби борикаи Ғазза ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил шуд.
Паёми раҳбари олии инқилоби исломии Эрон, Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон Яҳё Синвор ба шарҳи зайл аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Миллатҳои мусулмон! Ҷавонони ғаюри минтақа!
Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, ба ёрони шаҳидаш пайваст.
Ӯ чеҳраи дӯрахшони мӯқовимату мӯҷоҳидат буд; бо азми пӯлодин дар баробари душмани золиму мӯтаҷовиз истод; бо тадбиру шӯҷоат ба ӯ силӣ зад; зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гӯзошт ва он гоҳ бо иззату сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард.
Касе чӯн Ӯ, ки умреро ба мӯбориза бо дӯшмани ғосибу золим гӯзарондааст, саранҷоме ҷӯз шаҳодат шоистаи Ӯ нест. Фиқдони Ӯ барои ҷабҳаи мӯқовимат, албатта, дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастагоне чун шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳӣ Шақоқӣ, Рентисӣ ва Исмоил Ҳания аз пешравӣ боз намонд ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; би изни Аллоҳ. Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд.
Мо чӯн ҳамеша, дар канори мӯҷоҳидону мӯборизони боихлос хоҳем монд; би тавфиқи мин Аллоҳ ва авниҳи.
Инҷониб шаҳодати бародарамон Яҳё Синворро ба хонадонаш, ба ҳамразмонаш ва ба ҳамаи дилбастагони ҷиҳоди фи сабили Аллоҳ, табрик ва фиқдонашро таслият мегӯям.
Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
28/07/1403 ҳ.ш.
19/10/2024