Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар намози ҷумъаи дирӯз гӯфтанд: Ҷумҳурии исломӣ бо қудрату салобат вазоифашро дар кӯмак ба Фаластин ва Лубнон анҷом хоҳад дод ва дар анҷоми вазоифаш на сустӣ ва тааллул мекунад ва на шитобзада мешавад.
 
  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар намози ҷумъаи дирӯз бо баёни инки вилоят яъне пайванд ва ҳамбстагии мусулмонон бо якдигар, ки сиёсати Қуръони мост, афзӯданд: Сиёсати Қуръон ин аст, ки миллатҳои мусулмон бо якдигар ҳамбастагӣ ва ваҳдат дошта бошанд.Тибқи фармӯдаи Қуръон агар мусулмонон бо якдигар пайванд, иртибот, ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ дошта бошанд раҳмати Худованд шомил ҳама онҳо мешавад ва Худованд ваъда медиҳад агар ҳамбастагӣ дошта бошед, сабаб мешавад иззати Худованд пушти сари Шумо бошад ва бар ҳама душманон пирӯз мешавед. Ҳикмати Илоҳӣ ҳам пушти сари Шумо хоҳад буд ва қонунҳои офариниш барои пешрафти Шумо ба кор гирифта мешавад.
 
 Раҳбари муаззами инқилоб баён карданд: Сиёсати дӯшманони Ислом, ки золимон, мустакбирон ва мутаҷовизони олам ҳастанд, ин аст, ки "тафриқа биандозу ҳукумат кун". Ин сиёсатро дар кишварҳои исломӣ бо анвоъи тарфандҳо анҷом доданд ва ҳанӯз даст бардор нестанд.
 
 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзӯданд: Аммо имрӯз миллатҳо бедор шуданд, уммати исломӣ метавонад бар ин тарфанди дӯшманони Ислом ва мусулмонон пирӯз шавад. Дӯшмани миллати Эрон ҳамон дӯшмани миллати Лубнон, Фаластин, Ироқ, Миср, Сурия ва Яман аст.
 
 Раҳбари инқилоб бо баёни инки шеваҳои дӯшман дар кишварҳои мухталиф, тафовут дорад, якҷо бо ҷанги равонӣ, фишори иқтисодӣ, бомбаҳои 2 тоннӣ, якҷо бо силоҳ ва якҷо бо лабханд кори худро пеш мебаранд, таъкид карданд : Утоқи фармон якҷост ва фармони ҳамла ба миллатҳои мусулмонро дарёфт мекунанд. Агар ин сиёсат дар як кишвар муваффақ шуд, вақте хотирашон аз як кишвар осуда шуд, сӯроғи кишвар дигар мераванд.
 
 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзӯданд: Ҳар миллате, ки мехоҳад мубтало ба муҳосираи фалаҷкунандаи дӯшман нашавад, бояд ҳӯшёр ва бедор шавад. Агар дӯшман сӯроғи як миллате рафт ва зӯлм кард, миллатҳои дигар бо онҳо ёрӣ ва ҳамкорӣ кунанд, то дӯшман пирӯзу муваффақ нашавад. Мо мусулмонҳо кӯтоҳӣ ва ғафлат кардем ва ҳосилу натоиҷашро дидем ва имрӯз набояд ин иттифоқ биюфтад.
 
 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Бояд камарбанди дифоъ ва истиқлолталабиро аз Афғонистон то Яман ва аз Эрон то Ғазза ва Лубнон дар ҳамаи кишварҳои исломӣ бибандим. Аҳкоми дифоъии Ислом ва Қонуни асосии Эрон ва қавонини байналмилалӣ таклифи моро маълум кардааст. Дар қавонине, ки мо дахолате дар навиштани он надоштем, мегӯяд: Ҳар миллате ҳаққ дорад аз хок, кишвар ва манобеъи хӯд дар баробари мутаҷовиз дифоъ кунад.
 
Раҳбари муаззами инқилоб афзӯданд: Миллати Фаластин ҳақ дорад дар баробари дӯшмане, ки хок ва хонаашро тасаррӯф ва ишғол карда, биистад ва дифоъ кунад. Қонунҳои ҷаҳонӣ ҳам онро таъйид мекунад, ин ишғолгарон аз куҷо омадаанд? Ҳеҷ созмони байналмилалӣ ҳаққ надорад ба миллати Фаластин эътироз кунад; Чаро ки дар баробари режими ғосиби саҳюнистӣ муқовимат ва сина сипар кардед? Касоне, ки кӯмак ба миллати Фаластин мекунанд, бар асоси вазифа анҷом медиҳанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ба Лубнон ва Ҳизбуллоҳ бигӯяд чаро кӯмак мекунед? Ин як мантиқи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки Фаластин аз хокаш дифоъи қонунӣ ва машрӯъ мекунад, онҳо, ки ба Фаластин кӯмак мекунанд ҳам кӯмаки қонунӣ ва машрӯъ мекунанд.
 
 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба солгарди амалиёти Тӯфонул-Ақсо ва таъкид бар ин нукта, ки мантиқи қонунӣ ва байналмилалӣ дошта ва ҳақ бо фаластиниҳо буд, тасреҳ карданд: Дифоъи ҷононаи лубнониҳо аз мардуми Фаластин қонунӣ ва маъқул ва мантиқи Қуръонӣ аст. Кори дурахшони нируҳои мусаллаҳи мо ҳам комилан қонунӣ ва машрӯъ буд.
 
Раҳбари муаззами инқилоб амалиёти Ваъдаи содиқ 2-и  нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро камтарин муҷозот барои режими саҳюнистӣ дар баробари ҷиноятҳои ҳайратовари режими хуношом, гургсифат ва саги ҳор(девона)и Амрико дар минтақа донитанд ва таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ бо қудрат ва салобат вазоифашро анҷом хоҳад дод. Дар анҷоми вазифа на сустӣ ва тааллул мекунем ва на шитобзада мешавем. Ончи мантиқӣ ва дуруст ва назари тасмимгирони сиёсӣ ва низомӣ аст, дар вақташ анҷом мешавад. Дар оянда агар лозим бошад ҳам анҷом хоҳад гирифт.
 
Саломи Худованд бар раҳбари шаҳид Насруллоҳ, бар қаҳрамони шаҳид Исмоил Ҳания ва бар фармондеҳи пурифтихор шаҳид Қосим Сулаймонӣ.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст