Расонаҳои режими саҳюнистии Исроил шаби 1-уми октябр аз мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ аз самти Эрон ва фаъол шудани ҳушдорҳо дар тамоми сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд, ки дар давоми ним соат бештар аз 200 мушак партоб шуд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби 1-уми октябр бо садҳо мушакҳои баллистикӣ ва ҳайперсоник ба Исроил ҳамла кард ва интиқоми фармондеҳони муқовамат шаҳиди воломақом Муҳаммадризо Зоҳидӣ, шаҳиди бузӯргвор раҳбари сиёсии "Ҳамос" Исмоил Ҳания, ки дар Теҳрон меҳмон буд ва Исроил шаҳидаш кард ва раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон бахусӯс муҷоҳиди кабир ва раҳбари ҷон бар кафи ҷабҳаи муқовамат, шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва мусташори диловари эронӣ сардор сарлашкари посдор Аббоси Нилфурӯшон ва раҳбарони диловари дигар ва мардуми мазлӯми Лубнон ва Фаластин бахусӯс занон ва кӯдакони бепаноҳро гирифт.
Ба гӯфтаи як манбаи огоҳ, ки беш аз 80 дарсади мӯшакҳо дар мавҷи аввал ба аҳдофи мавриди назар исобат карданд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки ин амалиёти мушакии бо номи Ваъдаи Содиқи 2 аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон се пойгоҳи низомӣ ва ҳавоии режими Исроил дар атрофи Тел-Авив, пойтахти Исроилро ҳадаф қарор додааст.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияе ба режими саҳюнистии Исроил ҳушдор дод, ки чунончи он режими мутаҷовиз, иқдом ба посухи мутақобил кунад, бояд мунтазири вайронии зерсохтҳои хӯд ба сурати гӯстарда ва фарогир дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бошад.
Ба гузориши хабаргӯзори форс, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баёнияе дар бораи амалиёти “Ваъдаи содиқ-2” содир кард.
Матни ин баёния ба шарҳи зайл аст:
Ба дӯнболи иқдомоти номашрӯи режими саҳюнистӣ, бо терори мусташорони эронӣ дар Сурия, Лубнон ва бо нақзи ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳодати шаҳиди воломақом Муҳаммадризо Зоҳидӣ, шаҳиди бузургвор Исмоил Ҳания дар Теҳрон ва пас аз он бо терори раҳбарон ва фармондеҳони Ҳизбуллоҳи Лубнон бавежа муҷоҳиди кабир ва ҷон бар кафи ҷабҳаи муқовамат, шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва мусташори диловари эронӣ сардор сарлашкари посдор Аббоси Нилфурӯшон, ҳамзамон бо қатли омми мардуми мазлуми Лубнон ва Фаластин бахусус занон ва кӯдакони бепаноҳ, ҳуқуқи машрӯъи ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон нодида гирифта шуда ва посӯхи муқтазиро зарурӣ намуд.
Режими кӯдаккӯши Исроили ғосиб ва ҳомиёни байналмилалӣ ва минтақаии он, алалхусус ҳомии аслии он Омрикои ҷинояткор бояд бидонанд, зимни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли 45 соли гузашта ҳеч гоҳ оғозгари ҳеч ҷанге набуда ва нахоҳад буд, лекин дар дифоъ аз ҳаққи машрӯъи хӯд дар муқобили ҳар таҷовӯз ва таъаррӯзе бо салобат ва қудрати мисолзаданӣ кӯтоҳ намеояд ва ҳар мутаҷовизи шарур дар ҳар сатҳеро аз кардаи хӯд пушаймон мекунад.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ зимни ташаккӯр аз иқдоми машрӯъ, шуҷоона ва муҷоҳидонаи фарзандони рашиди миллати Эрон дар нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳимоятҳо ва пуштибониҳои артиши қаҳрамони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати муқтадири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ дар интиқом ва муҷозоти режими кӯдаккӯш ва ҷаллоди саҳюнистӣ, ин амалиётро ҳаққи машрӯъи хӯд дониста ва ҳӯшдор медиҳад, чунончи он режими мутаҷовиз, иқдом ба посӯхи мутақобил намояд, бояд мунтазири вайронии зерсохтҳои хӯд ба сурати гӯстарда ва фарогир дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бошад ва дар сурати дахолати мустақими кишварҳои ҳомии режим дар таҷовӯз ва таъаррӯз ба Эрони Исломӣ, ҳамзамон марокиз ва манофеъи онҳо низ дар сатҳи минтақа бо ҳуҷуми муқтадирона ва пушаймон кунандаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.