Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ дар Лубнон, Вазири тандурустии Лубнон шоми 17-уми сентябр эълон кард, ки таркиши паёмрасонҳо боиси кушта шудани 11 нафар ва захмӣ шудани 4 ҳазор тани дигар шуд ва вазъияти дастикам 400 нафар аз захмиён вазнин аст.

Амрико мегӯяд, дар бораи ин иттифоқ аз қабл огоҳӣ надошт ва дар он дахолате надорад. Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” Исроилро дар ин кор муттаҳам кард. Мақомоти Исроил гуфтаанд, дар ин бора ибрози назар намекунанд.
 
Пейҷер як дастгоҳи иртиботии бесим аст, ки дар даҳаи 1980 мавриди истифодаи васеъ қарор дошт, аммо акнун низ дар ҳолатҳои изтирорӣ ё дар маҳалҳое, ки бо шабакаи иртиботӣ монанди телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ надорад, истифода мешавад. Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои “Ҳизбуллоҳ” барои мамониат аз шунида шудан ё фош шудани маълумот, аз ин равиши қадимӣ ва сода барои робита истифода мекунанд.
 
Вазири тандурустии Лубнон шоми 17-уми сентябр эълон кард, ки таркиши паёмрасонҳо боиси ҷон бохтани 11 нафар ва захмӣ шудани 4 ҳазор тани дигар шуд ва вазъияти дастикам 400 нафар захмӣ вазнин аст.
 
Фирос Ал-Абяз, вазири тандурустии Лубнон, ҳамчунин гуфт, бисёриҳо аз чеҳра, даст ва шикам осеб дидаанд. Шабакаи “Ал-Ҳадас” (ба Арабистони Саудӣ наздик аст) дар гузориши худ эълон кард, ки аз шумори умумии захмиҳо дар бемористонҳои Лубнон ҳудуди 500 нафар биноии худро аз даст додаанд.
 
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” дар баёнияе Исроилро ба тартиб додани ин ҳамла муттаҳам кард ва гуфт, “аз Исроил ба хотири ин таҷовуз қасос хоҳад гирифт”. Тибқи баъзе аз гузоришҳо, писари Ҳасан Фазлуллоҳ, аз раҳбарони пешини “Ҳизбуллоҳ” ва фарзандони шуморе дигар аз аъзои баландпояи “Ҳизбуллоҳ” дар миёни қурбониёни ин амалиёти террористӣ ҳастанд
 
Алӣ Аммор, узви “Ҳизбуллоҳ” дар порлумони Лубнон, низ ҷон бохтани писари худро эълон кард
 
Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Бейрут, ҳам дар миёни захмиҳо ҳаст.
 
Дар пайи ин ҳодиса, артиши Исроил пас аз тарсу ваҳшат аз баёнияи Ҳизбуллоҳ эълон кард, ки дар ҳолати “омодабош” қарор дорад. Артиши Исроил дар баёнияи худ гуфт, ки фармондеҳи кулли артиш ва дигар фармондеҳони баландпояи дифоии саҳюнистҳо шоми сешанбе вазъро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Исроил, ба назар мерасад, ки ду тараф ба як “рӯёрӯии калон” наздик мешаванд.
 
Маводи тарканда дар пейҷерҳои тайванӣ
 
Хабаргузории “Рейтерс” ба нақл аз як мақоми баландпояи амниятии Лубнон ва як манбаи огоҳи дигар гузориш дод, ки Созмони ҷосусӣ ва террористии Исроил (Моссад), аз моҳҳо пеш дохили 5 ҳазор дастгоҳи пейҷер ё паёмрасони сохти Тайван, ки “Ҳизбулоҳ” супориш дода буд, миқдори каме аз моддаи таркандаро ҷобаҷо карда буд.
 
Ин манбаи амниятии лубнонӣ ба “Рейтерс” гуфтаааст, ки “Ҳизбуллоҳ” панҷ ҳазор дастгоҳи пейҷери сохти Тайванро супориш дода буд, ки ин дастгоҳҳо дар фасли баҳор вориди Лубнон шуданд.
 
Вай ҳамчунин дар асоси як акс, модели ин пейҷерҳоро ташхис додааст, ки IP924 аст ва монанди дигар пейҷерҳо метавонад паёмакҳо дарёфт кунад, аммо қодир ба барқарории тамоси телефонӣ нест.
 
Ду манбаи огоҳ аз амалиёти “Ҳизбуллоҳ” чанд моҳ пеш ба “Рейтерс” гуфта буданд, ки нерӯҳои ин гурӯҳ аз пейҷерҳо барои муайян нашудани мавқеият ва макони худ аз сӯи Исроил истифода мекунанд. Аммо ба гуфтаи ин мақоми баландпояи амниятии Лубнон, Созмони ҷосусии Исроил ҳангоми тавлиди ин пейҷерҳо онҳоро дасткорӣ кардааст.
 
Вай изҳор дошт, “Созмони ҷосусии Исроил қитъае дохили дастгоҳ насб кард, ки маводи тарканда дорад ва бо дарёфти код ё рамз метаркад. Ташхиси ин қитъа бисёр сахт аст, ҳатто аз тариқи сканер”. Ин манбаъ гуфтааст, ки аз ин миён 3000 дастгоҳи пейҷер замоне, ки як паём рамзгузорӣ ва барои онҳо фиристода шуд, таркиданд.
 
Як манбаи амниятии дигар низ ба “Рейтерс” гуфт, ки ҳадди аксар се грам маводи тарканда дар пейҷерҳои нав пинҳон карда шуда буд, ки барои моҳҳо аз чашми “Ҳизбуллоҳ” дур монда буд. Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки 20 грам маводи тарканда дар ин дастгоҳҳо гузошта шуда буд.
 
Исроил ба дархости хабаргузории “Рейтерс” барои ибрози назар дар бораи ин ҳодиса посух надодааст. Ширкати тайвании Gold Apollo рӯзи 18-уми сентябр гуфт, пейҷерҳое, ки рӯзи сешанбе дар Лубнон таркиданд, аз сӯи ширкати онҳо сохта нашуда, балки ширкате бо номи BAC сохтааст, ки иҷозатномаи истифода аз бренд ё тамғаи онҳоро дорад.
 
Як рӯзномаи фаромитақавӣ имрӯз чаҳоршанбе бо интишори таҳлиле дар бораи ҷинояти хунини рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ дар Лубнон, аз моҳият ва абъоди зарбаи задашуда тавассути Телавив ба муқовимат Лубнон парда бардошт.
 
Инфиҷори дастгоҳҳои иртиботи радиои (пейҷер) дар Лубнон дар асри дирӯз, як ғофилгирии бузург дар ҷанги кунунӣ буд; аммо ба навишта рӯзнома Ал-Қудс Ал-Арабӣ, бештар як зарба итоктикӣ ва равонӣ барои Ҳизбуллоҳи Лубнон буд, то роҳбурдӣ. Зеро воқеияти вазъияти Исроил дар ҷабҳаи шимолиро аз назари эҳёи зиндагӣ дар шаҳракҳое, ки холӣ аз сакана шудаанд, тағйир намедиҳад.
 
Бар асоси ин гузориш, ин ҷиноят сабаби таваққуфи муқовимати ҷиҳодӣ ва идологики Лубнон нахоҳад шуд ҳамонтавр, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи гузашта бар ин бора таъкид кард.
 
Аз замоне, ки саҳнаҳои «охируззамонӣ» аз ҳазорон инфиҷор дар бозорҳо, хиёбонҳо ва дафтарҳои Лубнон ва Сурия дар рӯзи гузашта мунташир шуд, бештари расонаҳои ибрӣ ин масъаларо ҷашн гирифтанд.
 
Яке аз мазоҳири он титри бузург ва қирмизи рӯзномаи Идиут Оҳорунут буд: «4000 инфиҷор дар як лаҳза». Ин рӯзнома ҳатто карикатурае аз дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Сайидҳасан Насруллоҳ мунташир кард, ки бо тарс дар яке аз дастонаш пейҷере буд, ки рӯи сафҳа он вожаи «бомб» ба ибрӣ навишта шуда буд.
 
Аммо Исроил дар сатҳи расмӣ монанди ҳамеша дар қиболи ҷиноёташ, сукут кард ва масъулияти ин ҷинояти хунинро ба уҳда нагирифт ва дастурҳои ҷабҳаи дохилӣ барои боло бурдани сатҳи омодагиро тағйир надод. Дар чунин шароите, ҳамчунон вазъияти таниш дар манотиқи шимолии Фаластини ишғолӣ вуҷуд дорад ва ҳама дар интизори посухи қотеи Ҳизбуллоҳ ҳастанд. Раиси собиқи иттилооти низомии артиши ишғолгар генерали захира Томир Ҳемин низ гуфт: «сахт аст тасаввур кунем, Ҳизбуллоҳ посухе надиҳад».
 
Рӯзномаи Ал-Қудс Ал-Арабӣ навишт, ки аз онҷое ки оғози ҷанги фарогир алайҳи Лубнон ба нафъи Исроил нест, ин савол тарҳ мешавад, ки ин режим ба чӣ далеле даст ба ин ҷиноят зад?
 
Бархе таҳлилгарон иддао мекунанд, ки Исроил мехоҳад вокуниши шадиди Ҳизбуллоҳро барангезд то фурсати ҷанги сареъ, қотеъ ва ҳамаҷониба алайҳи он ва Лубнон, таваққуфи вазъияти ҷанги фарсоишӣ, бозгардондани оворагони саҳюнист ба шаҳракҳо, ва эҳёи эътибори худ ва қудрати боздорандагиашро касб кунад.
 
Ба навиштаи ин рӯзнома, ин маънояш он аст, ки ин амалиёт оғози як амалиёти бузургтар ва роҳбурдитар аст, масъалае, ки нишастҳои амниятии ду рӯзи ахири режими саҳюнистӣ ва ташдиди таҳдидот ва лаффозиҳои сарони саҳюнист алайҳи Лубнонро тавҷеҳ мекунад.
 
Ал-Қудс Ал-Арабӣ навишт, ки ин таҳлил дар сояи монеаҳо ва ҳушдорҳои фаровон ба Телавив дар бораи ташдиди ҷанг дар ҷабҳаи шимолӣ ва низ фарсоиши шадиди артиши он дар Навори Ғазза ва шикастҳои амалиётии мутааддид дар ин минтақа созгорӣ надорад. Зимни инки Исроил машрӯъияти байналмилалӣ барои оғози чунин ҷангеро надорад. Зеро моҷарои Лубнон барои кишварҳои ғарбӣ мутафовит аз вазъияти Навори Ғазза аст. Аз сӯи дигар, Амрико ҳам ба шиддат нигарони он аст, ки ташдиди танишҳо дар минтақа, ба зарари Камала Ҳаррис дар интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи Амрико тамом шавад.
 
Аммо таҳлили дигар, ки воқеитар ва мантиқитар менамояд чизе аст, ки яке аз мақомҳои пешини режими саҳюнистии Исроил бар забон овард. Вай гуфт, ки сервисҳои иттилоотии Исроил қасд доштанд аз ин пейҷерҳои бомбагузоришуда, ки дар Лубнон пахш шуда буд ва бисёре аз он дар ихтиёри аъзои Ҳизбуллоҳ буд, ба унвони як зарбаи оғозини ғофилгиркунанда дар ҷанги тамомиёр алайҳи Ҳизбуллоҳ истифода кунад, ба умед онки битавонад Ҳизбуллоҳро фалаҷ кунад.
 
Аммо пас аз онки бархе аъзои Ҳизбуллоҳ бо эҳсоси афзоиши дамои пейҷерҳо, мутаваҷҷеҳи чизи машкуке дар он шуданд ва онро канор гузоштанд, Исроил тасмим гирифт, ки қабл аз ифшои тарҳаш ва «сӯхта шудан»-и он, ба унвони бахше аз талошҳо барои зарба задан ба Ҳизбуллоҳ, пейҷерҳоро мунфаҷир кунад. Мавзуе, ки вебгоҳи Ал-Монитур ҳам ба он ишора кард.
 
Дар идомаи ёддошти Ал-Қудс Ал-Арабӣ омадааст, ки дуруст аст ин ҷиноят ҳамчун зарбаи низомӣ ба душмани Исроил аст ва сабаби шаҳодати шуморе аз неруҳои Ҳизбуллоҳ шуд, аммо «ин амалиёт, ки ба назар мерасад як идаи синамоӣ бо таъсирҳои равонии қобили таваҷҷуҳ аст, як муваффақияти роҳбурдӣ талаққӣ намешавад, балки сирфан як муваффақияти токтикӣ аст, ки то ҳадди зиёде ва ба таври муваққат қудрати боздорандагии Исроилро бозёбӣ мекунад», аммо сабаб намешавад, ки Ҳизбуллоҳ даст аз ҷанг бардорад ва шаҳракнишинони овора ба хонаҳояш дар шимоли Фаластини ишғолӣ бозгарданд.
 
Аммо зикри ин нукта зарурӣ аст, ки Ҳизбуллоҳ бо вуҷуди ин ҳамла, ҳамчунон тавоноиҳои асосии худро ҳифз ва азми худро барои идомаи ҳимоят аз муқовимати Фаластин таъкид кардааст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст